Раиси пешини КГБ-и Осетияи Ҷанубӣ барандаи интихоботи президентии ин ҷумҳурии ҷудоиталаби Гурҷистон гардид.
Раиси кумиссиюни интихоботии Осетияи Ҷанубӣ, Белла Плиева, рӯзи душанбеи 9-уми апрел дар изҳороте гуфт, "номзад Леонид Харитонович Тибилов дар интихоботи президентии ҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ баранда шуд."
Кумиссиюни интихоботӣ гуфт, баъд аз ҳисоби овозҳо Леонид Тибилов бо 54,12 овоз ғолиби интихоботи рӯзи якшанбе эълон шудааст. Рақиби Тибилов кумиссионери ҳуқуқи башар Давид Санакоев 42,65 дарсад (фоиз)-и овозҳоро соҳиб шуд. Додгоҳи олӣ натиҷаҳои интихоботи президентии моҳи ноябри порсолро пас аз он ғайримашрӯъ эълон кард, ки раҳбари мухолифон -- Алла Ҷиоева дар ин раъйдиҳӣ пирӯз шуд.
Додгоҳ баъд аз ин Ҷиоеваро аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум кард. Аксар сокинони Осетияи Ҷанубӣ мегӯянд, аз раҳбари нав умеди беҳтар шудани шароити зиндагӣ, адолати иҷтимоӣ ва мубориза бо фасодро тақозо доранд.
Манана Дудаева, як сокини Тсхинвалӣ гуфт: "Умед бар он дорем, ки зиндагиамон беҳтар шавад. Мо аз зиндагӣ дар як ифлосиву беобӣ хаста шудем. Умедворем, зиндагӣ беҳтар шавад."
Матбуот мегӯяд, Санакоев аллакай мағлубияти худро эътироф ва Тибиловро бо пирӯзиаш табрик кардааст. Кумиссиюни интихоботии Осетияи Ҷанубӣ мегӯяд, дар раъйдиҳӣ 71 дарсади мардум иштирок кардаанд. Дар даври аввали интихобот, ки моҳи гузашта доир шуд, Тибилов (солҳои 1990-ум раҳбарии Кумитаи амнияти миллии ин ҷумҳуриро раҳбарӣ кардааст) 40 дарсади овозҳоро ба худ ихтисос дод.
Интихоботи нахустини президентии Осетияи Ҷанубӣ, ки 27-уми ноябри порсол доир шуд, баъд аз бекор гардидани натиҷаҳояш аз ҷониби додгоҳ хашми хеле зиёди мардум ва ҳам намоишҳои чандрӯзаи эътирозиро ба бор овард. Вазири собиқи маорифи ин ҷумҳурӣ ва як муборизи маъруфи зиддифасод Алла Ҷиоева ба назар мерасад тавонист бар номзаде, ки аз ҷониби Кремл тарафдорӣ мешуд, ғолиб ояд. Вале моҳи феврал, дар пайи чандин бозпурсиву таҳқиқоти ин ки гӯиё Ҷиоева нақшаи ба даст овардани қудратро доштааст, ӯ дар беморхона бистарӣ шуд.
Осетияи Ҷанубӣ аз кумакҳои моливу низомии Маскав шадидан вобаста аст, ҳарчанд дар дохил норизоияти хеле зиёд аз шеваи тақсими маблағҳо вуҷуд дорад. Дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ Тибилов эътироф кард, ки маблағҳо нопадид мешаванд ва ваъда дод, ки бо фасод мубориза мебарад.
Дар оғози солҳои 1990-ум Осетияи Ҷанубӣ, мисли Абхозистон истиқлолияти худро эълон кард ва баъди ҷанги миёни Гурҷистону Русия дар моҳи августи соли 2008 Маскав истиқлолияти ин ду ҷумҳуриро ба расмият шинохт. Вале бисёре аз кишварҳои дунё ҳамоно ин ҷумҳуриҳоро чун бахше аз Гурҷистон арзёбӣ мекунанд. Рӯзи 9-уми апрел мақомоти Гурҷистон гуфт, ки раъйдиҳии Осетияи Ҷанубӣ ғайриқонунӣ аст.