Масъулони "Барқи тоҷик" қарздории худ аз "Сангтӯда-1"-ро эътироф карда ва гуфтанд, ки онро хоҳанд пардохт.
Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, шароити ҳалномаи Додгоҳи олии иқтисодии кишвар дар масъалаи пардохти ҳаққи даъвогии "Сангтӯда-1"-ро иҷро мекунад ва шикояте ҳам нахоҳад бурд.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи "Барқи тоҷик" рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ширкат эътироф мекунад, ки дар назди ҷамъияти саҳомии "Сангтӯда-1" қарздор аст ва тибқи ҳалномаи Додгоҳи иқтисодӣ ҷадвали пардохти қарз ҳам тартиб дода шудааст.
Бар асоси ҳалномаи Додгоҳи иқтисодӣ, ки ахиран интишор додааст, ширкати "Барқи тоҷик" 5 миллион сомонӣ қарзи худ аз Сангтӯда-1 ва ҳудуди 100 ҳазор сомонӣ хароҷоти додгоҳро хоҳад пардохт.
Ба қавли Нозирҷон Ёдгорӣ, ширкати "Барқи тоҷик" шурӯъ аз соли 2008 то соли 2011 аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" нерӯи барқро бо нархи гарон мехарид ва ба аҳолӣ ва корхонаҳо бо нархи арзон мефурӯхт. Ҷамъияти саҳомии "Сангтӯда-1" барои 5 миллион сомонӣ ширкати "Барқи тоҷик"-ро ба Додгоҳ кашид ва додгоҳ ба фоидаи "Сангтӯда-1" ҳалномаи худро содир кард.
Нозирҷон Ёдгорӣ мегӯяд, ҳамин нархномаи пешин имкон надод, ки "Барқи тоҷик" ҳаққи барқи "Сангтӯда-1"-и якро саривақт пардозад. Ҳоло ба гуфтаи ӯ, аз таърихи 1-уми апрели соли равон нархи барқ 20 фоиз зиёд карда шуд ва шароите ҳам фароҳам омада, ки "Барқи тоҷик" қарзи худро баргардонад.
Тибқи иттилои ширкати "Барқи тоҷик" ҳаҷми умумии қарзи ин ширкат дар назди ҷамъияти саҳомии "Сангтуда-1" ҳудуди 218 млн сомонӣ мебошад. Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" бо сармоягузории Русия сохта шуда ва 75 дарсади саҳмияи он дар дасти Маскав ва ҳамагӣ 25 дарсад саҳмияи он дар ихтиёри Душанбест.