Аз "табартақсим" то зиндаҷудоӣ

Марзи Тоҷикистон ва Узбакистон.

Дар ҳоли ҳозир равобити Тоҷикистону Узбакистон, ду ҳамсояи наздик, марҳилаи нохуберо аз сар мегузаронад.
Муддатест, ки сиёсатмадорони ду давлат бо пахши изҳорот якдигарро дар ба миён омадани вазъи феълӣ муттаҳам мекунанд. Ду тараф дар муколамаи байниҳамӣ пешрафт надоранд ва то рафт аз ҳам дуртар мешаванд.

Мавҷи навбатии эътирози Тошканд ба дунболи музокироти номуваффақи аломатгузории марз дар минтақаи обанбори "Фарҳод", воқеъ дар вилояти Суғд, ба миён омад. Обанбори "Фарҳод" аз иншооти стратегии Тоҷикистон аст, ки фаъолияти каналҳои обёрии ҳазорҳо гектар замини кишти Узбакистонро танзим ва соҳаи саноати вилояти Тошкандро бо об таъмин менамояд.

Ахиран Душанбе бо пахши як изҳорот гуфт, Тошканд бар хилофи меъёрҳои байналмилилӣ аз Тоҷикистон талаб дорад, то обанбори "Фарҳод"-ро дар ихтиёраш гузорад. Тоҷикистон ин даъворо "талоши ғасби қаламрави як давлати соҳибистиқлол" унвон кард.

Аз масдуд шудани роҳи оҳани Узбакистон бошад, аҳолии манотиқи ҷануби Точикистон заҷр мекашанд. Дар вилоятҳои Хатлону Бадахшон нархи маводи ғизоӣ дар муқоиса бо бахшхои дигар кишвар гаронтар шудааст. Ин ҳолат вазъи иктисодиву иҷтимоии беш аз се миллион аҳолии Точикистонро буғранҷ кардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Аз "табартақсим" то зиндаҷудоӣ



Академик Раҳим Масов, вазъияти феълиро иштибоҳи таърихӣ мешуморад. Ӯ мегӯяд, "табартақсим"-и Осиёи Марказӣ ва ба раҳбарияти Тошканд додани мақоми вижа дар байни кишварҳои минтақа ба рафтори мақомоти Узбакистон таъсири амиқ гузоштааст. Ба гуфтаи ҷаноби Масов, мақомоти Тошканд ҳанӯз ҳам аз хаёли вижа будани худ дар минтақа раҳо нашудаанд. Ба ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, ҷамъияти бисёрмиллионаи тоҷикони Узбакистон, Тошкандро водор мекунад, ки аз қавӣ шудани Тоҷикистон пешгирӣ бикунад.

Дар ҳар сурат, коршиносон сулҳи нимаҷонро аз ҳамагуна низоъ ва рӯёрӯӣ беҳтар медонанд. Зеро дар Тоҷикистон эҳсос мекунанд, ки ҳатто дар сурати воқеӣ набудани ҷангҳои густарда, имкони низоъҳои хурд боз ҳам дар миён хоҳад буд.

Дар охирҳои солҳои 90-уми қарни гузашта Узбакистон ба полковники узбактабори Тоҷикистон Маҳмуд Худойбердиев паноҳгоҳ дод. Худойбердиев бо гурӯҳи худ дар соли 1998 аз қаламрави Узбакистон ба Тоҷикистон шабехун зад, вале шикаст хӯрд. Коршиносон дар Тоҷикистону Узбакистон мегӯянд, ҳоло вазъият фарқ мекунад, аммо дар ҳар сурат вақт нишон хоҳад дод, ки Тошканд дубора ин муҳраро ба бозӣ медарорад, ё не.