Иттиҳодияи Аврупо эълом кард, ки музокироти Эрон ва гурӯҳи 5+1 дар Истанбул баргузор мешавад.
Ба гузориши "Ройтерз", масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, Кетрин Аштон, гуфт, “мо тавофуқ кардем, ки гуфтугӯҳо дар рӯзи 14-ми апрел дар Туркия баргузор шавад.”
Ӯ афзуд, “умедворем ин нахустин давр аз гуфтугӯҳо фазое созанда барои пешрафти воқеӣ фароҳам кунад, ҳадафи мо, албатта, пешрафти пойдор аст.”
Телевизиони "Press TV"-и Эрон ҳам гуфт, музокирот бо намояндагони Амрикову Бритониё, Фаронса, Чину Русия ва Олмон дар Истанбул сурат мегирад. Эрон ва кишварҳои ғарбӣ пештар дар бораи маҳалли баргузории музокирот баёнияҳои зиддунақизе нашр мекарданд, ки шакку шубҳаҳоро дар бораи умуман баргузор шудани нишаст ба вуҷуд овард.
Дар оғоз Теҳрону Анқара ҳарду ба баргузории музокироти Эрон бо гурӯҳи 5+1 дар Истанбул розӣ буданд, то ин ки шуморе аз мақомҳои эронӣ ва намояндагони маҷлис гуфтанд, ки Туркия "интихоби беҳтар" нест.
Ин изҳорот ба хашми Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия сабаб шуд ва ӯ тайи суханони шадидуллаҳне Эронро ба "бесадоқатӣ" муттаҳам кард. Нахуствазири Туркия афзуд: “Мо бояд рӯйирост бошем, зеро ба хотири адам (надоштан)-и садоқати эрониҳо, онҳо ҳамин тавр обрӯи байналмилалии худро аз даст медиҳанд."
Ба қавли нахуствазири Туркия “ин забони дипломатӣ нест, исми ин чизи дигаре аст, аммо ман инҷо наметавонам бигӯям."
Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад зери пардаи барномаҳои сулоҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ бисозад, аммо Теҳрон ин иддаоҳоро борҳо рад кардааст.