Муҳоҷирон дар Русия "экстремист" мешаванд?

Ахиран намояндаи муфтиёти Русия аз муҳоҷирони тоҷик хост, ки дар Русия бештар ба ниҳодҳои расмии динӣ муроҷиат кунанд, на гурӯҳҳои пинҳонкор.
Намояндаи муфтиёти Русия Алберт Кирган, ки аз тариқи видеотелефон бо ҷавонони тоҷик сӯҳбат анҷом дод, аз сӯистифода шудани муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро дар Русия ибрози нигаронӣ кард.

Ӯ гуфт, гурӯҳҳои ифротгаро, ки дар Русия ба таври пинҳонӣ фаъолият доранд, муҳоҷирони ҷавону ҳанӯз дунёнадидаи тоҷикро ба дом андохта, аз онҳо ба манфиати худ истифода мебаранд. Ҷаноби Кирган дар сӯҳбати худ хитоб ба ҷавонони тоҷик гуфт, “ҳоло дар Русия ҷавонони бисёре муҳоҷиранд. Ҳолатҳое ҳастанд, ки аз ин ҷавонони муҳоҷир гурӯҳҳои ифротгаро ва "радикал" сӯистифода мекунанд. Бинобар ин, аз ҷавонони тоҷик даъват мекунам, то бештар ба ниҳодҳои расмии исломӣ, ки дар Русия фаъоланд, муроҷиат кунанд, на ба гурӯҳои ғайриқонунии мамнӯъ ва ифротӣ.”

Дмитрий Рогозин

Ин барои бори аввал нест, ки мансабдорони Русияву Тоҷикистон аз хавфи ба гурӯҳҳои ифротӣ ё экстремистӣ гаравидани муҳоҷирони тоҷик ҳушдор медиҳанд. Тирамоҳи соли гузашта Дмитрий Рогозин, намояндаи пешини Русия дар НАТО ва ҳоло муовини нахуствазири ин кишвар, зимни сӯҳбаташ бо рӯҳонии калисои православи рус гуфта буд, мақомоти Тоҷикистон нигаронии худро "аз гароиши ҷавонони муҳоҷир ба гурӯҳҳои тундрав дар Русия" ба ӯ баён доштаанд.

Вай ба нақл аз вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфта буд, "онҳо бо камоли майл шаҳрвандонашонро ба Русия ба мардикорӣ мефиристанд, то ки зери таъсири толибони иртиҷоӣ ва исломиҳо қарор нагиранд ва дар Русия бо фарҳанг ва тамаддун ошноӣ пайдо кунанд. Вале, баръакс, муҳоҷирон аз Русия муҷоҳид ва иртиҷоӣ шуда бармегарданд.”

Бархе аз коршиносони тоҷик ин иддаоро "нигаронии бепоя" медонанд. Ин гурӯҳ бовар доранд, ки муҳоҷирони тоҷик онҷо машғули кори худанд ва фурсате барои таблиғоти дину ифротгароӣ надоранд. Вале иддае дигар мегӯянд, бархе аз ҷавонони тоҷик пас аз муҳоҷират ба Русия, бо тасаввуроту дониши динӣ бармегарданд.

Рӯзноманигори тоҷик, Далери Ғуфрон, мегӯяд, дар бораи ифротгаро (экстримист) шудани ҷавонони тоҷик дар Русия далеле дар даст надорад, аммо дар таҷруба дидааст, ки баъзе ҷавонони ба истилоҳ "дунявӣ" баъд аз муҳоҷирати корӣ дар Русия "мазҳабӣ" шуда баргаштаанд. Ҷаноби Ғуфрон мегӯяд, ҳатто бархе аз ҷавонҳо дар пайи сафари худ ба Қазон, ба донишгоҳу мадрасаҳои исломӣ шомил шуда ва дар он ҷо таҳсил мекунанд. Аз ин рӯ, ҷаноби Ғуфрон мегӯяд, агар ин донишгоҳ ва мадрасаҳо ба сахт мазҳабӣ ва ё ифротгаро шудани ҷавонони тоҷик сабаб шуда бошанд, бояд мақомоти Русия аввал кори ин мадрасаву донишгоҳҳоро таҳқиқ бикунанд.

Каромат Шарифов

Аммо Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик, ин нигарониҳои мақомоти Русияву Тоҷикистон дар бораи сӯистифода шудани муҳоҷирони тоҷик аз сӯи гурӯҳҳои пинҳонии диниро тасдиқ кард. Ҷаноби Шарифов мегӯяд, ҳатто дар замоне ки дар Тоҷикистон мақомот ба шикори "салафиҳо" ва раҳбарони ин ҷараён шурӯъ карданд, аксари онҳо ба Русия омада ва дар масоҷиди ин кишвар ба таблиғ пардохта будаанд.

Ин дар ҳолест, ки солҳои ахир масъулияти имом-хатибии аксар масҷидҳои Русияро тоҷикон бар ӯҳда гирифтаанд. Инчунин, худи муҳоҷирони тоҷик, ки солҳои тӯлонӣ дар Русия зиндагиву кор мекунанд, барои мусалмонҳо масҷиду мадрасаҳо бунёд намудаанд. Аммо масъулони ин масоҷид мегӯянд, онҳо таҳти назорати мақомот ва муфтиёти Русия буда, фаъолияташон низ расмист ва аз ин рӯ гумони он, ки гӯиё тоҷикон дар масҷидҳову мадрасаҳо ифротгаро мешаванд, воқеият надорад.