Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон боздиди ғайрирасмии худро аз Ҳиндустон шурӯъ кард.
Осиф Алӣ Зардорӣ қабл аз зиёрати марқади сӯфии машҳур Хоҷа Муъиниддини Чиштӣ, воқеъ дар шаҳри Раҷастани Ҳинд, ҳамроҳ бо Маҳмоҳан Сингҳ, нахуствазири Ҳинд наҳори муштарак хоҳанд дошт. Бо вуҷуди “хусусӣ” унвони шудани сафари Осиф Алӣ Зардорӣ, соҳибназарон умедворанд, ки ба дунболи он, равобити бади Ҳинду Покистон беҳтар мешавад.
Прем Шанкар Ҷҳа, хабарнигори собиқадори Ҳинд мегӯяд, баъди ҳамлаҳои хунини терористии соли 2008 ба шаҳри Мумбай, дар музокироти сулҳи ду кишвар беҳбудиҳо ба назар мерасид. Ба гуфтаи Прем Шанкар, бешак сафари Зардорӣ ин равобитро беҳтар хоҳад кард.
"Ба андешаи ман, шароит тавре шудааст, ки ҳам Покистон ва ҳам Ҳинд дар воқеъ босуръат ба самти муносиботи оддӣ ҳаракат мекунанд. Ва ҳадафи ин сафар, омода кардани замина барои сафари Маҳмоҳан Сингҳ ба Покистон аст. Ҳадафи ин ҳам бояд ҳамкориҳои оддӣ миёни ду тараф бошад."
Ҳинду Покистон чанде пеш мувофиқат карданд, ки баъзе аз монеаҳо дар тиҷорати байниҳамдигариро кам кунанд, аз ҷумла Осиф Алӣ Зардорӣ, гуфтааст, мувофиқ аст маҳдудияти хариди молу амвол аз Ҳинд бардошта шавад.
Вале таниш миёни ҳарду кишвар дар масъалаҳои ҳассосе ба мисли аёлати Кашмир ва фаъолияти тундравони покистонӣ алайҳи Ҳинд боқист. Ҳинду Покистони ҳоло мусаллаҳ бо бомби атомӣ, аз соли 1947 то кунун се маротиба барои аёлати Кашмир ҷангидаанд.