Додситонии шаҳри Душанбе тафтиши парвандаи ҷиноии куштори Парвиз Давлатбековро ба анҷом расонидааст.
Мақомоти Додситонии шаҳри Душанбе мегӯянд, тафтиши парвандаи ҷиноии куштори ин сокини 24- солаи пойтахти Тоҷикистонро, ки шаби соли нави 2012 дар бар либоси «Бобои барфӣ» дошт, ҷиҳати муҳокима ва эълони ҳукм ба додгоҳ ирсол шудааст.
Фахриддин Додометов, як масъули Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 6-уми апрел дар як сӯҳбати телефонӣ ба радиои «Озодӣ» тасдиқ кард, ки додгоҳ парвандаи мазкурро дарёфт карда ва рӯзҳои наздик ба муҳокимаи он шурӯъ мекунад. Ҷаноби Додометов ба хотири халал науфтодан дар ҷараёни муҳокима, аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ кард.
Аммо ба тасдиқи бастагони Парвиз Давлатбеков, мақомоти тафтишот 8 нафар, ба шумули як кӯдаки ноболиғро дар ин куштор муттаҳам донистааст.
Сӯиқасд ба ҷони Парвиз Давлатбеков, шаби якуми январ рух додааст. Парвиз ба нияти табрики наздиконаш ба муносибати Соли нав либоси «Бобои барфӣ» мепӯшад, вале дар даромадгоҳи бинои манзили бастагонаш аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони ношинос ҳадафи ҳамла қарор мегирад. Ҳамлаварон ба ӯ чанд корд зада аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Талошҳои табибон ҷиҳати наҷоти ӯ натиҷа намебахшад ва ӯ дар бемористон ҷон медиҳад.
Ҳодисаи куштори «Бобои барфӣ» ба он хотир дар расонаҳои дунё бозтоби густарда пайдо кард, ки ҳамлаварон ба ҳангоми расонидани зарба ба Парвиз ӯро «кофир» хондаанд. Аммо мақомот он замон гуфта буданд, ки куштори мазкур ангезаи маишӣ дорад, на динӣ.
Ба гумони даст доштан дар ин куштор, донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ Шариф Давлатов ва ду нафар шарикони ӯ Фаррух Самиев ва Фирӯз Нарзуллоев боздошт шуда буданд. Чанд нафари дигар таҳти пайгарди қонун эълон шуданд ва дертар як гумонбари ҳодиса иқрор кард, ки ин ҷиноят аз ҷониби онҳо содир шудааст.
Интизор меравад то чанд рӯзи баъд муҳокимаи додгоҳии ин қазия шурӯъ ва афроди гумонбаршуда ба ҷазо кашида шаванд.