Аз бойгонӣ: Муҳосираи хунини Сараево

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муҳосираи Сараево аз сӯи сербҳои Боснӣ 6 апрели соли 1992 шурӯъ шуд ва 44 моҳ идома кард - он тӯлонитарин дар таърихи навини Аврупо маҳсуб мешавад. Ин муҳосира сароғози низоъ ва хушунат дар Боснӣ гардид, ки беш аз се сол идома дошт ва оташи он зиёда аз 100 ҳазор нафар ба коми худ кашид ва тақрибан 2 миллиону 200 000 нафар дигарро паноҳанда кард.