Соли 1992 такрор мешавад ё шарики Э.Раҳмон акнун кист?

Бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи начандон дур, соҳибназарон мегӯянд, вазъи пешомада дар муносибатҳои Тошканду Душанбе ҷои нигаронӣ дорад.
Узбакистон 20 сол пеш, яъне дар оғози даргириҳои дохилӣ дар Тоҷикистон, бо айни шева бо ҳукумати вақти Тоҷикистон бархӯрд карда буд. Роҳи оҳанро, ки танҳо роҳи воридоти молу коло ба Тоҷикистон буд, аввал маҳдуд намуд ва баъд комилан онро дар марз бо Тоҷикистон баст.

Муҳосираи иқтисодии Узбакистон дар соли 1992-юм боис ба эҷоди бӯҳрони иқтисодӣ, камбуди шадиди маводи ғизоӣ, болоравии қиматҳо ва ташаннуҷи авзои иҷтимоӣ шуд. Ин ҳол дар навбати худ, эътимоди нисбӣ ба Ҳукумати Муросои Миллиро коҳиш дод. Ин фикр дар зеҳнҳо ҳоким шуд, бояд ҳукумате ба сари кор биояд, ки ҳатман муносибати хубе бо Узбакистон дошта бошад, ки мушкилоти роҳу воридотро ҳал кунад.

Акнун дубора вазъияти мушобеҳе пеш омадааст, аммо Тоҷикистон низ дар марҳила ва мавқеи 20 сол пеш нест, балки ба имконоти худ афзудааст. Вале боз ҳам соҳибназарон мегӯяд, баёнияи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва нашри матолиб дар матбуоти расмӣ, ки мегӯянд, Узбакистон ҳадафи эҷоди ташаннуҷро дорад, боиси нигаронист. Суол ин аст, ки оё дар воқеъ таҳримҳои Узбакистон метавонад боиси таниши авзои иҷтимоӣ дар дохили Тоҷикистон гардад ва ё ба истилоҳи дигар ҳаводиси аввали соли 1990 такрор шавад?

Фаррух Умаров

Аввалтар аз ин бояд гуфт, ки аксари таҳлилгарон ба ин қаноат расидаанд, ки Узбакистон аз солҳо ба ин сӯ гурӯҳи ҳоким дар Тоҷикистонро шарики худ намедонад ва ба навъе онро ба истилоҳ "таҳаммул" мекунад. Ҳамеша ба орзуи дидани як ҳокими мавриди назари худ дар арки Душанбе аст.

Вале Фарррух Умаров, коршиноси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, агар Узбакистон дар воқеъ хоста бошад ҳам, ки Тоҷикистонро тавассути таҳрим ба зону дароварад, ин имконро надорад. Ӯ ду омилро барои тақвияти фикри худ мисол меорад: "Чанд масъалаи стратегие, ки дар назди Тоҷикистон гузошта шуда буд, аз қабили баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, то ҷое ҳалли худро пайдо карданд ва мо ҳоло танҳо аз Узбакистон вобаста нестем, балки бо дигар ҷумҳуриҳо ҳам роҳ кушодем. Дувум ин ки дар тӯли 20 сол малакаи давлатдорӣ ҳам такмил шуд ва фикр намекунам, ки сиёсатмадорон ва раҳбарони Тоҷикистон дар сиёсатгузориҳои худ иқдомоти ҷониби Узбакистонро нодида гирифта бошанд."

Раҳматулло Валиев, як сиёсатмадори мухолифи давлат, мегӯяд, Тоҷикистон бояд аз имкониятҳо ва фурсати боқимонда барои муташанниҷ нагаштани авзоъ истифода кунад ва корро ба сарҳади эътирози умумӣ накашад ва баҳонае ба дасти Узбакистон барои эҷоди бесуботӣ надиҳад. Ҳарчанд, мегӯяд ҷаноби Валиев, дар Тоҷикистон бидуни таҳримҳои Узбакистон ҳам мизони норозигӣ аз ҳукумат зиёд аст ва ин таҳримҳо метавонад ба сатҳи он биафзояд.

Раҳматулло Валиев

Ӯ афзуд, "фикр мекунам, шароити зиндагие, ки имрӯз дар Тоҷикистон аст, имкон медиҳад, ки ҳамон ҳаводис дубора сар занад, бидуни он ки Узбакистон ва Русия ҳам фишор биоранд ё кӯшиши эҷоди носуботӣ бикунанд. Барои он, ки сатҳи зиндагӣ паст аст, барқ нест, газ нест, нархҳо болост, андозҳо зиёд аст, ҷои кор нест, мардум муҳоҷир аст ва чизе, ки барои таъмини зиндагӣ бояд дошта бошанд, надоранд."

Ба гуфтаи Валиев, ҳарчанд Тоҷикистон бо кушодани роҳ ба сӯи Чин ва сохтани пулҳо дар рӯдхонаи Омӯ ба сӯи Афғонистон аз бунбасти иртиботӣ то ҷое хориҷ шудааст, аммо то ҳоли ҳозир қисмати зиёди маводи мавриди ниёз ҳамчунон аз тариқи роҳи оҳани Узбакистон вориди Тоҷикистон мешавад ва роҳҳои иртиботии дигари мавҷуд наметавонад, ҷойгузини роҳи оҳан шавад.

Бархе аз ҷомеашиносон бо таваҷҷӯҳ ба ҷанбаи равонии масъала мегӯянд, авзои 20 соли пеш, ки Узбакистон тавассути таҳрим тавонист, ҷомеаи Таҷикистонро ба ду бахш қисмат кунад, акнун кори сангин аст. Зеро он замон фикр ва арзиши миллӣ ва давлатӣ шакл нагирифта буд ва омилони Узбакистон, ки даҳсолаҳо ҳукумати Тоҷикистон ба сурати ғайрирасмӣ вобастаи он буд, он замон нуфуз дошанд ва акнун аз нуфузи онҳо коста шудааст. Дар сурати кунунӣ, ба гуфтаи онҳо, ҳар гуна таҳдиди хориҷӣ ва ҳамсоя боис ба он мешавад, ки ҳатто мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар канори ӯ қарор бигиранд.

Дӯстмуҳаммади Дӯст, аз мухолифони собиқи давлат мегӯяд: "Ин фишору таҳдидҳо боиси он мешавад, ки мардум дар атрофи ҳамин ҳукумат бештар ҷамъ шаванд. Албатта, то ҷое дар ин вазъ мушкили мардум зиёд мешавад, нархҳо боло меравад, рафтуомад гарон, бору коло дар сари вақт мумкин нарасад, аммо фикр намекунам, ки ин навбат битавонанд ба соли 1992 оварда расонанд."

Зафар Абдуллоев

Иддае дигар аз таҳлилгарон мегӯянд, ҷавонон, махсусан касоне, ки хотирае аз 20 сол пеш надоранд, ба ҳар сурат дар таҳти таъсир қарор гирифта, дар чунин вазъияте метавонанд осебпазир бошанд. Зеро насли ҷавон ҳамеша бо хуни гарм дар интизори таҳаввул аст ва бояд ба ниёзи он посух гуфт. Аз сӯи дигар, насли бузургтар арзише дорад дар Тоҷикистон ба унвони сулҳи 1997, ки насли наврас на арзише ба сулҳ қоил аст, на даҳшати ҷангро дидааст.

Ба ҳар сурат, Зафар Абдуллоев, таҳлилгари мустақил низ ба ин аст, ки баъд аз хатми ҷанги дохилӣ Тоҷикистон ба як андешаи меҳварие, ки битавонад қишрҳо ва маҳалҳои мухталифро ба ҳам биёрад, ниёз дорад ва онро ҳанӯз пайдо накардааст. Ба қавли ӯ, як, ба истилоҳ, душмани берунӣ дар чунин вазъи мушкил метавонад, боиси иттиҳоди қишрҳо шавад.

Ҷаноби Абдуллоев афзуд, феълан фурсате пеш омадааст, ки ҳукумат бояд ба истиқболи мардум биёяд ва ислоҳоти сареи иқтисодӣ ва сиёсиро рӯи даст бигирад, то аз мавҷи норозигиҳои дохилӣ пешгирӣ шавад. "Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дигар танҳо як шарик ва иттифоқчӣ дорад, он на Русия аст ва на Эрону Чин ва табиист, ки на Узбакистон, балки ин муттаҳид метавонад, танҳо мардуми тоҷик бошад, ки бояд онро дид, ба истиқболаш рафт ва дарк намуд. Ҳоло ин фурсат пеш омадааст, яъне ба истилоҳ ба лаҳзаи икс ва ё атф наздик мешавем. Яъне ин вазъияти ба миёномада ё мардум ва президентро муттаҳид мекунад ва ё ҳам мардум ва ҳукумат забони якдигарро намефаҳманд ва моро оқибати вахим ва нохуше дар интизор хоҳад буд",-- таъкид кард ӯ.

Бо ин ҳол, коршиносон мегӯянд, бадтарин паёми вазъияти ахир ин аст, ки манофеи Узбакистон ва Русия бар сари Тоҷикистон тавъам афтодааст. Таҳлилгарон мегӯянд, чанд омиле дигар вуҷуд дорад, ки ҷомеаи Тоҷикистонро аз нигоҳи иҷтимоӣ осебпазир мекунад. Ҳузури нерӯҳои русиягаро дар кишвар ва омилони он дар сафҳои қудрат. Аз сӯи дигар, дар хориҷ аз кишвар ва маҳз дар Русия қарор доштани бештар аз 1 миллион муҳоҷири тоҷик, ки имкон дорад ҳар лаҳза ба унвони абзори фишор болои Тоҷикистон истифода шаванд. Қазияи ду халабони як ширкати русӣ дар тирамоҳи соли гузашта инро собит кард.

Дар соли 1992 низ ба ҳам гиреҳ хӯрдани муносиботи ин ду кишвар боиси ба ҳам хӯрдани авзои иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон гашта буд. Ҳоло мегӯянд коршиносон, фурсат, вазъият ва имкони дигарест ва аз истеъдоди давлатмардони Тоҷикистон бастагӣ дорад, ки метавонанд кишварро аз ин бунбаст хориҷ кунанд, ё на.