Вакили порлумон, Сӯҳроб Шарифов, мегӯяд, вазорати энержӣ ва саноат то ҳол ба суоли аслии ӯ посух надодааст.
Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, суоли аслӣ ин буд, ки чаро тайи даҳ соли ахир вазорати энержӣ (энергетика) натавонист як нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ бунёд кунад. Дар ҳоле ки ба қавли Сӯҳроб Шарифов дар ин замина созишномаҳо низ ба имзо расида буданд.
Вакили порлумон мегӯяд, "агар ин созишномаҳо иҷро мешуданд, имсол мардуми Душанбе бо оби гарм ва нерӯ таъмин мегардид. Аммо то ҳол ба ин саволи ман посух надоданд. Ман гуфтанӣ ҳастам, ки кор кунанд. Обрӯи худро дар назди миллату давлат паст назананд." Ба таъкиди Шарифов, "ҳамаи нерӯгоҳҳое, ки то кунун сохта шудаанд, бо иқдоми раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифта ва нақши вазорат дар бунёди нерӯгоҳҳо муассир ба назар намерасад."
Ин дар ҳолест, ки вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе бо нашри номае ҳарфҳои Сӯҳроб Шарифовро, ки дар ҳаққи ин вазорат рӯзи чаҳоруми апрел дар Маҷлиси Намояндагон гуфта шуд, беасос донистааст. Рӯзи чаҳоршанбе, ҳангоми баррасии тарҳи "қонун дар бораи ангишт", Сӯҳроб Шарифов аз кори вазорати энержӣ шадидан интиқод карда буд. Ӯ хитоб ба вазири энержӣ ва саноати Тоҷикистон, Гул Шералӣ, ки низ дар ин ҷаласа ширкат дошт, гуфт, чаро дар тӯли даҳ соли ахир ягон нерӯгоҳи барқи ҳароратӣ бунёд нашудааст.
Вазири энержӣ дар он лаҳза хеле кӯтоҳ посух дода ва гуфта буд, ки бунёди ин нерӯгоҳ дар зудтарин фурсат оғоз хоҳад шуд. Аммо дар посухе, ки вазорати энержӣ ва саноат рӯзи панҷуми апрел расман интишор дод, гуфта шудааст, ки ҳарчанд Сӯҳроб Шарифов солҳои зиёде ба унвони раҳбари Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон кор кардааст, ё иттилоъ надорад ва ё ки ба сиёсати давлату ҳукумат дар робита ба энержӣ баҳои беасос медиҳад. Дар ҳоле ки ба таъкиди вазорат, ин ҳама барномаҳо таҳти раҳбарии раисиҷумҳури Тоҷикистон анҷом шудаанду мешаванд.
Вазорати энержӣ ва саноат дар идома таъкид кардааст, ки агар Сӯҳроб Шарифов агар аз кори вазорат бехабар буд, "метавонист ҳамчун вакил ё ин ки шаҳрванд оиди дастовардҳои соҳаи энергетика ва саноат аз вазорат маълумоти дақиқ дастрас намояд."
Дар ин посухномаи вазорат ба вакили порлумон, Сӯҳроб Шарифов, тамоми корҳое, ки дар 12 соли ахир дар соҳаи энержӣ анҷом шудаанд, навишта шудааст.
Вакили порлумон мегӯяд, "агар ин созишномаҳо иҷро мешуданд, имсол мардуми Душанбе бо оби гарм ва нерӯ таъмин мегардид. Аммо то ҳол ба ин саволи ман посух надоданд. Ман гуфтанӣ ҳастам, ки кор кунанд. Обрӯи худро дар назди миллату давлат паст назананд." Ба таъкиди Шарифов, "ҳамаи нерӯгоҳҳое, ки то кунун сохта шудаанд, бо иқдоми раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифта ва нақши вазорат дар бунёди нерӯгоҳҳо муассир ба назар намерасад."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад