Дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ 25 зан аз шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (ЗАГС)-и Қӯрғонтеппа хостаанд, то дар шаҳодатномаи таваллуди тифли навзодашон онҳоро "модари танҳо" ва кӯдакашонро расман "бепадар" бинависанд.
Маҳбуба Бобоҷонова, сармутахассиси шӯъбаи ЗАГС-и шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, дар ин авохир сафи занҳое, ки намехоҳанд дар асноди фарзандашон номи падари онҳо сабт ёбад, афзудааст. Тибқи қонун, занон ҳуқуқ доранд, ки ҳувияти падари тифли навзодашонро маҳфуз нигоҳ доранд ва худро ҳамчун модари танҳо ва ягона парастори фарзанд ба қайди давлатӣ бигиранд (албатта, агар падари фарзанд даъвое надошта бошад).
Ба қавли хонум Бобоҷонова, ҳоло дар шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Қӯрғонтеппа тақрибан дар ду рӯз як зан ҳамчун "модари танҳо" номнавис мешавад: "Баъзе занҳо ҳатто намехоҳанд, ки никоҳи худро дар шӯъбаҳои САҲШ (ЗАГС) расман ба қайд бигиранд. Ҳадафи ин хел занҳо танҳо таваллуди тифл мебошад ва мехоҳанд, ки худашон кӯдакро тарбия кунанд. Масалан, бисёр занон фарзандашонро гирифта ба Русия мераванд. Агар кӯдак танҳо ба номи чунин модарон сабт шуда бошад, барояшон гирифтани иҷозати расмии падари кӯдак лозим нест."
Зане, ки худро Манижа ном бурд, гуфт, ду фарзанд дорад ва ба ҳар яке аз онҳо насаби худро дода, дар шаҳодатномаҳояшон онҳоро ҳамчун "кӯдаки бепадар" сабт кардааст. Зеро, ба иддаои ӯ, падари фарзандонаш аз таъмини иҷтимоии онҳо даст кашида, тарки хонавода намудааст. Ҳамакнун Манижа метавонад бидуни мушкилоти ҳуқуқӣ фарзандонашро бо худ ба муҳоҷирати корӣ барад, амале, ки то ин замон бе дарёфти иҷозаи расмии падари кӯдаконаш анҷом дода наметавонист.
Ҳоло Манижа бо ҳадафи ҷамъоварии маблағ барои харидани манзили зист дар Русия кору зиндагӣ дорад: "Шавҳарам моро тарк гуфт. Чандин сол мешавад, ки бо ҳадафи ҷамъоварии маблағ барои сохтани хона ба фарзандонам ба Русия меравам. Ба кӯдакон насаби худамро додам, то ки онҳоро бо худ ба Русия бурда тавонам. Бе ин ҳам падарашон дар ҳаёт ва тарбияи онҳо иштирок намекунад, кӯмак намерасонад. Дигар шавҳар ҳам накардам, то фарзандонам рӯҳан азоб накашанд. Ҳоло ҳама кору зиндагиам барои онҳост."
Вале ин ягона сабаби афзоиши ба истилоҳ модарони танҳо дар Қӯрғонтеппа набудааст. Сумайя Нуруллоева, равоншиноси созмони ҷамъиятии "Бонувони Хатлон", мегӯяд, дар аксар маврид модарони танҳо занҳои дувуми ҳамсарони худ ҳастанд ва зери фишори ҳамсар аз ифшои номи ӯ худдорӣ мекунанд: "Модарони танҳо дар бисёр маврид занҳои дувуму сеюм ҳастанд. Чунин мардҳо аз ҳамсарони якуми худ, аз барҳам хӯрдани оилаи якуми худ меҳаросанд. Барои ҳамин ба зани дуюмашон мегӯянд, ки кӯдакро ба фамилияи худат гузарон, номи маро дар шаҳодатномааш қайд накун, барои ба камол расониданаш кӯмак мерасонам."
Хонум Нуруллоева афзуд, баъзе аз "падарони тарсу" ба хотири ҳифзи мансаби худ ҳам аз масъулияти падарӣ ба кӯдаке, ки аз занони дигар ба дунё омадааст, сарпечӣ мекунанд. Ба иддаои ӯ, бархе мардон, ки мансабдор ҳастанд, намехоҳанд, таваллуди тифле (ва он ҳам аз зани дувуму сеюм ва бе никоҳи расмӣ) ба карйераи онҳо таъсири манфӣ бигузорад.
Ба қавли коршиносон, афзоиши теъдоди кӯдакони бепадар метавонад пайомадҳои начандон хуби иҷтимоӣ дошта бошад. Падароне, ки солҳо дар муҳоҷирати корӣ ҳастанду кӯдакон дар оилаҳои нокомил ба воя мерасанд, ё кӯдаконе, ки ҳанӯз аз замони таваллуд рӯйи падари худро намебинанду танҳо дар тарбияи модари худ боқӣ мемонанд, пеш аз ҳама ин зарбаи сахти равонӣ ба кӯдакон расонида, дар онҳо эҳсоси комплекс ва нобоварӣ ба худро ташаккул медиҳад.