Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе барандаи Суперкубок ё Ҷоми олии Тоҷикистон-2012 гардид.
Бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони феълии кишвар ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, барандаи Ҷоми Тоҷикистон, рӯзи 4-уми апрел дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат бо ҳузури беш аз 7000 тамошогар баргузор шуд. Бо ин бозӣ мавсими нави футбол дар Тоҷикистон оғоз ёфт.
Бозӣ бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби 2:1 поён ёфт. Юсуф Рабиев, ҳамлагари “Истиқлол”, дар дақиқаи 35-ум ҳисобро боз кард. Нимҳимоятгар Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 84-ум голи дувуми “Истиқлол”-ро зад.
Сардовар Раҳмон Муртазоев (Душанбе) барои дар ҷаримагоҳи даста бо даст бозӣ кардан дар дақиқаи 87-ум ба дарвозаи “Истиқлол ҷаримаи 11- метра таъйин намуд. Тӯбро нимҳимоятгар Баҳодур Шарифов ба ҳадаф расонд.
Ҳайатҳои дастаҳо дар ин бозӣ чунин буд:
«Истиқлол» (Душанбе): 1. Алишер Тӯйчиев, 14. Руслан Рафиков, 3. Соҳиб Саванқулов, 6. Давронҷон Эргашев (9. Нуриддин Давронов, 88), 4. Эраҷ Раҷабов, 10. Ҷаҳонгир Ҷалилов (13. Александр Кудряшов, 61), 18. Фатҳулло Фатҳуллоев (2. Акмал Сабуров, 72), 5. Маҳмадалӣ Содиқов, 7. Иброҳим Рабимов, 12. Юсуф Рабиев, 17. Дилшод Восиев (капитан).
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): 1. Фарҳод Юлдошев, 6. Фаррух Чориев, 2. Алишер Шарифов, 18. Алексей Неъматов, 3. Виктор Лиховидко, 5. Расул Файзов, 7. Ҷамшед Исмоилов (капитан), 10. Раҳмоналӣ Баротов (4. Баҳодур Шарифов, 47), 21. Илҳомҷон Ортиқов (8. Сардорбек Эминов, 58), 11. Давронҷон Тухтасунов, 22. Комил Саидов (23. Аскар Равшанов, 72).
Валерий Турсунов, ноиби аввали раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон, баъди анҷоми бозӣ ба капитани дастаи ғолиб Дилшод Восиев Ҷоми олии Тоҷикистонро супурд.
Дабири кулли ФФТ Фирдавс Файзуллоев дастаи "Регар"- ро барои ҷои дувум бо ифтихорномаи ФФТ сарфароз гардонд. Ифтихорнома ба капитани даста Ҷамшед Исмоилов супурда шуд.
Бозигарони беҳтарини ин дидор Юсуф Рабиев ("Истиқлол") ва Расул Файзов ("Регар-ТадАЗ") бо тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Федеросиюни футболи Тоҷикистон сарфароз гаштанд.
Пас анҷоми бозӣ нишасти матбуотӣ бо ширкати сармураббиёни ҳарду даста доир шуд.
Никола Кавазович, сармураббии нави “Истиқлол”, мутахассиси 37-солаи сербиягӣ, ки ин бозиро ҳамроҳи мухлисон аз минбари варзишгоҳ тамошо кард, ба хабарнигорон гуфт, “ҳарду даста бозии хуб нишон доданд. Бахусус тими “Истиқлол”, ки захоири бузург дорад, хубтар бозӣ кард ва ғалабаи соф ба даст овард. Вале баъзе проблемаҳо дар хатҳои дифоъ ва ҳуҷуми даста мавҷуд аст ва мо дар оянда аз паи ислоҳи камбудиҳо хоҳем шуд.”
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии “Регар-ТадАЗ”, ба мизбонон барои дар сатҳи баланд ташкил намудани бозӣ ва фароҳам овардани шароити хуб барои футболбозон миннатдорӣ баён намуд. Вале ӯ аз ҳакамии доварон изҳори норозигӣ карда, иброз дошт, ки “сардовар Раҳмон Муртазоев баъди анҷоми замони асосӣ ду бор ҳамагӣ як дақиқа вақти изофӣ таъйин намуд, ҳол он ки дар ҷараёни бозӣ ба иллати латхӯрӣ ва иваз шудани бозигарон якчанд дақиқа вақти асосӣ зоеъ рафта буд.”
Инчунин ҷаноби Ҳабибуллоев аз вазъи чамани майдони бозӣ изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ки “мутаассифона, ҳоло ҳамаи майдонҳои футболи кишвар дар чунин вазъи ногувор қарор доранд ва имкон намедиҳанд, ки бозигарон ҳунари худро комилан нишон диҳанд.”
Сабқати Ҷоми олии Тоҷикистон барои бори севум баргузор шуд. Тими “Истиқол” се бор Ҷоми олиро ба даст овард. Соли 2010-ум дастаи “Истиқлол” дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бар тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар замони изофӣ бо ҳисоби 2:0 ва порсол дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа бар дастаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буд. Ҳарсе голро нимҳимоятгар Дилшод Восиев ба самар расондаааст.
Баъди анҷоми бозии “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” бо Юсуф Рабиев, беҳтарин голзан ва беҳтарин ҳамлагари мавсими футболи соли гузашта, ҳамсӯҳбат шудем, ки ҷузъиёташро аз ин ҷо бишнавед:
Бозӣ бо пирӯзии “Истиқлол” бо ҳисоби 2:1 поён ёфт. Юсуф Рабиев, ҳамлагари “Истиқлол”, дар дақиқаи 35-ум ҳисобро боз кард. Нимҳимоятгар Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 84-ум голи дувуми “Истиқлол”-ро зад.
Сардовар Раҳмон Муртазоев (Душанбе) барои дар ҷаримагоҳи даста бо даст бозӣ кардан дар дақиқаи 87-ум ба дарвозаи “Истиқлол ҷаримаи 11- метра таъйин намуд. Тӯбро нимҳимоятгар Баҳодур Шарифов ба ҳадаф расонд.
Ҳайатҳои дастаҳо дар ин бозӣ чунин буд:
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): 1. Фарҳод Юлдошев, 6. Фаррух Чориев, 2. Алишер Шарифов, 18. Алексей Неъматов, 3. Виктор Лиховидко, 5. Расул Файзов, 7. Ҷамшед Исмоилов (капитан), 10. Раҳмоналӣ Баротов (4. Баҳодур Шарифов, 47), 21. Илҳомҷон Ортиқов (8. Сардорбек Эминов, 58), 11. Давронҷон Тухтасунов, 22. Комил Саидов (23. Аскар Равшанов, 72).
Валерий Турсунов, ноиби аввали раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон, баъди анҷоми бозӣ ба капитани дастаи ғолиб Дилшод Восиев Ҷоми олии Тоҷикистонро супурд.
Дабири кулли ФФТ Фирдавс Файзуллоев дастаи "Регар"- ро барои ҷои дувум бо ифтихорномаи ФФТ сарфароз гардонд. Ифтихорнома ба капитани даста Ҷамшед Исмоилов супурда шуд.
Пас анҷоми бозӣ нишасти матбуотӣ бо ширкати сармураббиёни ҳарду даста доир шуд.
Никола Кавазович, сармураббии нави “Истиқлол”, мутахассиси 37-солаи сербиягӣ, ки ин бозиро ҳамроҳи мухлисон аз минбари варзишгоҳ тамошо кард, ба хабарнигорон гуфт, “ҳарду даста бозии хуб нишон доданд. Бахусус тими “Истиқлол”, ки захоири бузург дорад, хубтар бозӣ кард ва ғалабаи соф ба даст овард. Вале баъзе проблемаҳо дар хатҳои дифоъ ва ҳуҷуми даста мавҷуд аст ва мо дар оянда аз паи ислоҳи камбудиҳо хоҳем шуд.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад