Сарвазири Узбакистон зимни номае ба муроҷиати Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон посух гуфтааст.
Шавкат Мирзиёев дар ин нома ба унвони ҳамтои тоҷики худ шаш мавриди иқдоми Узбакистонро шарҳ додааст.
Ӯ аз ҷумла талош кардааст, ки сабаби аз шабакаи воҳиди энергетикии Осиёи Миёна хориҷ шудани Узбакистонро шарҳ диҳад ва гуфтааст, ки ин шабака ба ниёзҳои муосир посух намегӯяд.
Сарвазири Узбакистон афзудааст, ки кишвараш ҳаргиз роҳи оҳанро ба рӯи Тоҷикистон набастааст, балки манъи ҳаракат дар қитъаи роҳи оҳани Амузганг - Хатлон ба ҳодисаи моҳи декабр вобастааст. Аз сӯи дигар, оқои Мирзиёев ба 50 соли пеш сохта шудани ин роҳи оҳан ишора карда ва гуфтааст, ки садамаҳои пайдарпай дар ин роҳи фарсуда боис мешавад, ки баъзан интиқоли бор маътал шавад.
Ӯ ҳамчунин боло бурдани пардохтҳои роҳи оҳанро як амали "аз маҷбурӣ" унвон карда ва гуфтааст, ки ин иқдом посухе ба амалкарди Ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" аст, ки дар соли соли 2011 се дафъа таъруфаҳоро боло бурд.
Дар робита ба қатъи гази табиӣ бошад сарвазири Узбакистон таъкид намудааст, ки кишвараш комилан тааҳҳуди худ дар барои интиқоли газро иҷро карда ва транзити гази Туркманистон ҳам ба далели он, ки хати лӯлаи гази Туркманистон ҷудо аз хати Узбакистон аст, як амали номумкин мебошад.
Сарвазири Узбакистон дар поёни номаи худ ба минакорӣ шудани марзҳо пардохта ва гуфтааст, ки дар иҷрои ин амал низ ҷониби Узбакистон ногузир буд, зеро дар Тоҷикистон солҳои 1992- 96 ҷанги дохилӣ ҷараён дошт ва имкони убури гурӯҳҳои мусаллаҳ ба хоки Узбакистон вуҷуд дошт.
Шавкат Мирзиёев низоми раводид миёниТоҷикистон ва Узбакистон аз соли 2000-ум ба ин суратро низ мутобиқ ба меъёрҳои пазируфтаи ҷаҳонӣ донистааст.
Бо овардани ин далелҳо сарвазири Узбакистон дар хотимаи номаи худ гуфтааст, ки мавқеъи ҳукумати Узбакистон ва ниҳодҳои марбутаи он комилан асоснок буда ва посухгӯи шароити байналмилалӣ мебошад ва ҳар гуна эътирози ҷониби Тоҷикистон дар ин замина асоси воқеӣ надорад.
Ин ҳам дар ҳоле аст, ки рӯзи гузашта Шӯрои амнияти Узбакистон ба раёсати Ислом Каримов, муносибатҳои ахир бо Тоҷикистонро дар як нишасти изтирорӣ ба баррасӣ гирифтааст