Варзишгарони тоҷик Искандари Рустам ва Мавзуна Чориева рӯзи 3-юми апрел дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон бо мукофоти пулӣ сарфароз шуданд.
Дар ин бора ба “Озодӣ” Ҷалолиддин Нуров, мудири бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, хабар дод.
Ӯ афзуд, “Искандари Рустам, паҳлавони тоҷик, ки се рӯз муқаддам дар мусобиқаи интихобии осиёӣ оид ба гуштии озод дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона соҳиби роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012-ум гардид, бо мукофоти пулӣ ба маблағи 5000 сомонӣ қадрдонӣ шуд. Мавзуна Чориева, муштзани тоҷик, ки ахиран дар шаҳри Улан-Батор медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиёро ба даст овард, ба маблағи 2500 сомонӣ мукофтонида шуд. Мукофоти пулиро ба варзишгарони тоҷик барои ин дастовардҳояшон Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, аз номи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва ҳамзамон президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар тақдим кард. Ҷаноби Неъматов таъкид намуд, ки мо аз Искандари Рустам дар Олимпиадаи Лондон медали тилло ва аз Мавзуна гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпиро интизорем.”