Душанбе ба боми Тошканд санг партофт. Чиро бояд интизор шуд?

Коршиносон мегӯянд, баёнияи сафорати Тоҷикистон дар Маскав баёнгари ба бунбаст расидани муносиботи Душанбеу Тошканд аст.
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар баёнияи худ, ки рӯзи дувуми апрел нашр кард, гуфтааст, манъи вагонҳои Тоҷикистон дар ҳудуди Узбакистон, тахриби роҳи оҳан дар қитъаи Ғалаба-Амузанг, қатъ намудани интиқоли газ, иҷоза надодани транзити гази Туркманистон як амали барқасдонаи Узбакистон дар баробари Тоҷикистон аст.

Дар баёния омадааст, Узбакистон ба тааҳҳуди худ дар мавриди фурӯши 200 миллион метри мукааб газ дар соли ҷорӣ ба Тоҷикистон амал накардааст. Баёнияи мазкур ин амалкарди Узбакистонро аломати муҳосираи иқтисодии эълоннашудаи Тоҷикистон хонда ва ҳадаф аз ин амалкардро бесубот намудани вазъи иҷтимоиву сиёсӣ дар Тоҷикистон донистааст.

Узбакистон дар баробари даъвоҳои Душанбе далелҳои худро дорад. Ҷониби Узбакистон мегӯяд, ба дунболи оғози иҷрои созишномааш бо Чин дар мавриди интиқоли газ, наметавонад ба Тоҷикистон газ бидиҳад. Ҳамчунин Тошканд хабари барчидани релсҳои қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузангро такзиб кардааст. Баҳси дигари миёни Узбакистон ва Тоҷикистон сохтмони нерӯгоҳи Роғун аст, ки Тошканд бовар дорад, дар сурати бунёди он, заминҳои кишташ ташналаб хоҳанд монд.

Таҳилгарони умур ва соҳибназарон ба ин боваранд, ки баёнияи мазкур далели он аст, ки ҳамаи талошҳо барои азсаргирии интиқоли газ ва беҳбуди равобит дар кӯтоҳмудат ба бунбаст расидааст. Баёнияи мазкур ба маънои ба нуқтаи атф расидани танишҳо дар робитаи ду кишвар аст.

Марат Мамадшоев, таҳлилгари тоҷик

Марат Мамадшоев, таҳлилгари тоҷик ва сардабири нашрияи "Азия-Плюс" мегӯяд, "ба андешаи ман, ин баёнгари он аст, ки муносиботи ду кишвар вайрон шудааст ва бештар аз бад намешавад. Муносибот вориди бунбаст шудааст, бунбасте, ки маълум нест чӣ паёмад хоҳад дошт. Ҳоло барои оддӣ шудани муносибот ба миёнҷиҳои бетараф ниёз аст. Ё ҳам метавон ягон сенарияи пешбининашударо интизор дошт."

Ин дар ҳолест, ки бархе аз шахсиятҳо ва таҳлилгарони дигар баёнияи мазкурро бозтоби вазъи воқеӣ ва амали мавҷуд медонанд ва мегӯянд, ки баёнияи сафорати Тоҷикистон дар Маскав мавқеъ ва назари мардуми Тоҷикистонро дар маҷмӯъ мунъакис кардааст. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, дар воқеъ, вазъи пешомада ҷои нигаронист ва иқдоми кишвари ҳамсоя умдатан ангеза ва ҳадафи сиёсӣ дорад.

Ӯ гуфт, "комилан шаффоф аст, ки бархе кишварҳои ҳамсоя тамоми робитаҳояшонро бо Тоҷикистон мехоҳанд қатъ кунанд. Аммо ин танҳо қатъ шудани робитаҳо нест, балки боиси бадтар шудани вазъи

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили МН

иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвари мо мегардад. Шояд Тоҷикистон ба ҳамин як баёния иктифо накунад ва иқдомоти дигари лозимиро бубинад, аз ҷумла дар чаҳорчӯби созмонҳое, ки ҳам Тоҷикистон ва кишвари ҳамсоя узв ҳастанд ва ӯҳдадорӣ доранд."

Аммо Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва узви порлумони Тоҷикистон чунин изҳоротро навъе ба истилоҳ бечоранолӣ медонад ва мегӯяд, ки ин ҷангҳои лафзӣ танишро бештар мекунад ва ба ҷои он бояд амалан ба ёфтани роҳҳои алтернавтивӣ ва таъмини истиқлолияти энержӣ машғул шуд. Ба гуфтаи ҷаноби Шабдолов, мо бояд ба ҳамсоя ягон даъво надошта бошем ва Узбакистонро ҳам ба ин иқдом, ки гази худро ба мо фурӯшад ва ба дигарон не, наметавонем маҷбур кунем, зеро шароити бозори озод инро тақозо мекунад.

Вай афзуд, "ин баёния як кори кӯдакона аст. Газ қатъ шудааст, сими барқ канда шудааст, роҳи оҳан ҳам баста шудааст, ин ҳама як мисли бечоранолии кӯдаке ҳаст, ки намедонад чӣ кор кунад. Вақте дастатро бардоштӣ ва даъвои истиқлол кардӣ, дигар ин гапҳо маънӣ надорад. Бояд аз захираҳои худӣ истифода кард. Коре, ки дар 20 сол накардем. Агар ҳамсоя бидонад, ки мо имконот дорем, ҳеҷ гоҳ бо мо ин гуна муносибат намекунад."

Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ ва вакили МН

Шабдолов мегӯяд, агар ин ҷангҳои лафзӣ амиқтар шавад ва бӯҳрон густариш пайдо кунад, қудратҳои фароминтақаӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳам дигар дар ҳалли он ба мо кӯмак нахоҳанд кард. Бинобар ин мегӯяд раҳбари коммунистҳо, бояд аз муттаҳам кардани дигарон даст бар дошт ва имкониятҳои дохилиро ба кор бурд.

Ин дар ҳолест, ки мутахассисон мегӯянд, роҳҳои дигари алтернативӣ барои ҷойгузини гази Узбакистон шудан, феълан дар зудтарин фурсат имкон надорад. Зуҳур Зуҳуров, аз маъданшиносони маъруфи тоҷик мегӯяд, ду роҳи алтернативӣ вуҷуд дорад, яке овардани газ аз шимоли Афғонистон, ки дар гузашта ҳам тавассути Узбакистон ба Тоҷикистон меомад, аммо акнун ба сурати мустақим, вале ин кор вақти зиёде талаб мекунад. Алтернативаи дигар гирифтани газ аз ангишт аст, ки феълан талош барои он идома дорад.

Аммо ҷаноби Зуҳуров мегӯяд, ин барнома ҳам ба ин зудӣ иҷро шуданӣ нест: "Ин мардуми мо дар вақте ки газ ҳаст, хобанд. Як сол пеш ду газогенератор оварданд, ки барои аз ангишт истеҳсол кардани газ истифода мешавад. Барои ТАЛКО бас аст. Аммо то ҳозир васлкунӣ рафта истодааст. Акнун вақти кори он омадаст, ангиштсанг нест, барои он як ҳазор тонна ангишт лозим аст. Дар як моҳ камаш 7 ҳазор тонна ангишт барои ин кор зарур аст. Мо манбаъҳои ангишт дорем, аммо захира нашудааст миқдори зарурӣ."

Бо таваҷҷӯҳ ба ин таҳлилҳо, коршиносон мегӯянд, метавон интизори таниши бештар дар муносиботи Тоҷикистон бо Узбакистон шуд. Аз сӯи дигар ҳам ин ҳолат метавонад боиси афзудани қиматҳо дар бозор ва ҳамлу нақл ва ҳамин тавр ташаннуҷи иҷтимоӣ шавад. Аммо муаллифони баёнияи сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз ин ҳам фаротар рафта ва хулоса кардаанд, ки ҳолати пешомада таҳдиди як фалокати башариро дар пай дорад.