Дар Душанбе ба хотири ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба маризии аутизм ё дархудмондагӣ як аксияи созмонҳои ҷамъиятӣ баргузор шуд.
Ҳудуди 100 нафар ширкаткунанда бо плакатҳои гуногун ва либосҳои сафед давродаври Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ давида, бо се забон - англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ шиор медоданд: "Аутизмро дастгирӣ кунед!"
Фазлиддин Насриддинов, раиси Анҷумани волидони кӯдакони дучори аутизм ё дархудмондагӣ, мегӯяд, ҷомеаи Тоҷикистон аз аутизм ё дархудмондагӣ то ба ҳол таърифи саҳеҳ надорад ва вақте аз шаҳрдории Душанбе барои ҳамчунин маърака
иҷоза хост, зуд истиқбол шуд: "Дар Тоҷикистон, мутаассифона, ин мушкилро ба ҳеҷ усул намешавад ҳал кард, зеро мушкил мушкили нав аст. Мутахассис нест. Боғча, мактаб ё ягон маркази фарогир барои кӯдакон вуҷуд надорад. Аммо мо мекӯшем, ин мушкилот пай дар пай ҳалли худро ёбанд."
Ҷаноби Насриддинов гуфт, омори маризони аутизм ё дархудмондагӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, аммо бино ба як таҳқиқот дар Амрико, дар ҷаҳон ҳар 88-умин навзод ва ҳам ҳар 65 бача мубталои дархудмондагӣ ҳастанд.
Лола, яке аз модароне, ки писараш гирифтори дархудмондагӣ аст, мегӯяд, барои нигоҳубини ҳамчунин фарзанд сабру таҳаммул ва аз ҳама муҳим дониши зиёд даркор аст. Зеро кас бояд донад, ки бо ин тифли худ чӣ гуна муносибат бояд кунад. Ӯ афзуд, кӯдаки дархудмонда ҳамеша аз ҳамсолонаш озор мебинад: "Кӯдакро тифлони дигар бо ангушт ишора мекунанд, таҳқир менамоянд, ба ҳолаш механданд, ба давраи худ намегиранд, ба бозӣ ҳамроҳ намекунанд. Ӯро ба боғча намегиранд, ба мактаб қабул намекунанд. Мардум аутизмро намедонанд. Ин бедонишӣ тарсро ба вуҷуд меорад. Дар миёни мардум бачаҳои мо ба ғурбат меафтанд."
Коршиносон дархудмондагиро аз бемориҳое унвон мекунанд, ки то ба ҳол дар Тоҷикистон ё девонагӣ ва ё ноқисулақлӣ арзёбӣ шудааст. Аммо Рустам Ҳоҷиев,
як пизишки маризиҳои рӯҳӣ дар Душанбе гуфт, кӯдаки дархудмонда модарзод монандие ба девона ва ё ноқисулақл дорад, аммо дар асли ин вазъи табиии саломатии ӯ аст ва низ ба касе сироят намекунад: "Ҳатто бархе пешниҳод мекунанд, ки нигоҳ доштан ё табобат кардани ин гуна афрод аслан зарурат надорад, зеро ҳам худро азият медиҳанд ва ҳам дигаронро ва бояд кушта шаванд. Ин комилан аз доираи инсонигарӣ берун аст. Бархе фикр мекунанд, ки кӯдаки аутист маҳсули бадмастӣ ё бадахлоқии падару модар аст. Ин фикр ҳам ғалат аст."
Хонум Лола, ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, чун дар Тоҷикистон натавонист мутахассиси маризии дархудмондагиро пайдо кунад, бо ҳамсараш ба Ҳиндустон рафтанд ва онро омӯхтанд. Аммо нигаронии вай аз ояндаи фарзандаш аст. Вай мегӯяд, то зинда аст, фарзанди худро нигоҳубин мекунад, аммо пас аз марги ӯ фарзанди ӯро кӣ нигоҳубин хоҳад кард?
Фазлиддин Насриддинов, сарвари Анҷумани волидони кӯдакони дучори аутизм, мегӯяд, ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои гирифторони дархудмондагӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хоҳанд хост, ки барои онҳо боғчаву мактаб, марказҳои вижа ва дар ниҳояти амр маҳалли иқомати солхӯрдагони аутистро таъсис диҳанд.
Дар ҳоли ҳозир, бо кӯшиши ин Анҷуман як марказ таъсис ёфтааст, ки ҳудуди 25 маризи дархудмондаро фароҳам меорад, аммо ба қавли дастандаркорон, ҳамаи онҳоро дар кишвар фаро намегирад.