Русия мегӯяд, ки ҳанӯз «замон ва макон»-и музокироти ҳастаии гӯрӯҳи 5+1 ва Эрон ба таври қатъӣ муайян нашудааст.
Сергей Рибаков, муовини вазири умури хориҷии Русия рӯзи душанбе ба хабаргузории "Интефакс" гуфтааст, ки ин нишаст метавонад байни рӯзҳои 13 ва 14 апрел ё рӯзҳои баъди он баргузор шавад. Вай гуфтааст, ин музокирот мебоист ҳар чӣ зудтар оғоз шавад.
Сергей Рибаков гуфтааст: “Шароит хеле печида аст ва метавонад бадтар бишавад. Наметавонем беш аз ин сабр кунем. Ин музокирот ба шиддат муҳим ҳастанд.»
Изҳороти Сергей Рибаков дар вокуниш ба суханони рӯзи душанбеи Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико баён шуд, ки гуфта буд, гурӯҳи 5+1 бо Эрон тавофуқ кардаанд, ки даври баъдии гуфтугӯҳо дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон байни рӯзҳои 13 ва 14 апрел дар Истанбул анҷом шавад.
Дар ҳамин замина Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико рӯзи душанбе гуфтааст, шаш қудрати ҷаҳонӣ дар хусуси замон ва макони музокирот мувофиқат кардаанд ва ин бар ӯҳдаи Эрон аст, ки пешниҳоди онҳо посух диҳад. Дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо низ гуфтаанд, бо вуҷуди баёнияи Ҳилларӣ Клинтон, чигунагии ин музокирот ба таври комил мавриди таъйид қарор нагирифтааст.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, як дипломати аврупоӣ, ки хост номаш фош нашавад, гуфтааст, ин музокирот қарор аст авохири рӯзҳои 13-уми апрел оғоз шавад ва дар рӯзи 14-уми апрел идома кунад.
Ин дипломат ҳамчунин гуфтааст, ки эҳтимолан музокирот дар Истанбул баргузор хоҳад шуд, вале ҳама тарафҳо ҳанӯз дар ин хусус мувофиқат накардаанд.
Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи чаҳоршанбе низ гуфта буд, ки музокироти ҳастаии Эрон бо гурӯҳи 5+1 рӯзи 13-уми апрел баргузор хоҳад шуд.
Кишварҳои Олмон, Амрико, Бритониё, Фаронса, Русия ва Чин талош доранд то аз роҳи гуфтугӯ Эронро ба ҳамкорӣ барои бартараф кардани нигарониҳои ҷомеаи байналмилалӣ дар хусуси барномаи ҳастаии ин кишвар тарғиб кунанд.
Охирин даври музокироти Эрон ва гурӯҳи 5+1 ва бо мизбонии Истанбул бидуни дастёбӣ ба натиҷае дар моҳи январи соли 2011 анҷом шуд.