Залмай Расул дар Қатар. Аз дафтари Толибон то сулҳ

Залмай Расул, вазири умури хориҷии Афғонистон.

Вазири хориҷаи Афғонистон бо мақомоти Қатар дар хусуси эҷоди дафтари Толибон сӯҳбат хоҳад кард.
Залмай Расул имрӯз, 2-юми апрел вориди Қатар шуда ва рӯзи сешанбе бо мақомоти он кишвар гуфтугӯ анҷом хоҳад дод. Муовини сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон дар Кобул ба хабарнигорон гуфт, Залмай Расул бо мақомоти Қатар рӯи мавзӯи сулҳ бо Толибон ва таҳкими равобити Афғонистон бо Қатар сӯҳбат мекунад.

Атоуллоҳ Лудин, муовини раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, раиси дорулиншои Шӯрои олии сулҳ низ дар ин сафар вазири хориҷаи Афғонистонро ба Қатар ҳамроҳӣ мекунад.

Сафари Залмай Расул ба Қатар дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳудуди ду ҳафта пеш гурӯҳи Толибон аз тавқифи гуфтугӯҳояшон бо Амрико хабар доданд. Ба гуфтаи Толибон, раҳо нашудани зиндониёнашон аз Гуантанамо ва адами эҷоди дафтар барои онҳо дар Қатар сабаб шуд, то раванди гуфтугӯ бо мақомоти Амрикоро мутаваққиф созанд.

Дар як эъломияи Толибон гуфта шуда буд, то замоне ки хостаҳояшон аз сӯи Иёлоти Муттаҳида бароварда нашавад, барои азсаргирии гуфтугӯ бо он кишвар ҳозир нестанд.

Вале мушовири байналмилалии Шӯрои олии сулҳи Афғонистон Муҳаммад Исмоил Қосимёр дар сӯҳбат бо бахши афғонии Радиои Озодӣ дар мавриди раҳоии панҷ зиндонии толиб аз Гуантанамо хабар дод. Як мақоми собиқи Созмони Милал дар Афғонистон ва коршиноси умури сиёсӣ Муҳаммад Умар Софӣ дар ин маврид гуфт, ин идда аз Толибон на танҳо нақши муҳимро дар музокироти сулҳ бозӣ мекунанд, балки хоҳони мусолиҳа низ мебошанд.

Бар асоси як хабари дигар, мақомоти бритониёӣ аз идомаи талошҳояшон ҷиҳати музокира бо Толибон иттилоъ додаанд.