Вазири умури хориҷии Амрико эълон кард, ки музокироти гурӯҳи 5+1 бо Эрон рӯзи 13-уми апрел дар Истанбул баргузор мешавад.
Ҳиллари Клинтон ин матлабро рӯзи шанбе дар Риёз - пойтахти Арабистони Саудӣ баён дошт ва гуфт, ки Вошинтгтон хостори натиҷаҳои назаррас аз ин музокирот мебошад.
Хонум Клинтон, ки бо ҳамтои саудии худ Сауд Ал-Файсал дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, гуфт: «Ман мехоҳам таъкид кунам, ки..... Эрон аз фурсати номаҳдуд бархӯрдор нест.»
Даври гузаштаи гуфтугӯи Эрон ва панҷ қудрати соҳиби ҳаққи вето ба иловаи Олмон, соли гузашта дар Истанбул баргузор шуда буд ва бе натиҷа анҷом ёфт. Аз он ҳангом то кунун кишварҳои ғарбӣ доираи таҳримҳои Эронро ҳар чӣ бештар тангтар кардаанд.
Таҳримҳои бонкҳои эронӣ аз сӯи Амрико ва таҳримҳои Бонки марказии Эрон аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо аз ҷумлаи ин таҳримҳост, ки барои тағйир дар мавзеъгирии Эрон сурат гирифтааст. Ин таҳримҳо, ки шоҳраги иқтисоди Эронро ҳадаф қарор додааст, қимати пули ин кишварро коҳиш додааст.
Пеш аз ин Туркия ва Эрон гуфта буданд, ки моиланд гуфтугӯҳо дар Истанбул баргузор шавад. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, ки рӯзи чаҳоршанбеи 28-уми март дар раъси як ҳайати баландпояи ба Эрон сафар карда буд, дар як нишасти хабарӣ дар Теҳрон гуфт, Туркия омодагӣ дорад музокирот дар хусуси мавзӯи ҳастаии Эрон дар Истанбул анҷом шавад.