Эмомалӣ Раҳмон дар шабакаи телевизионии “Евронюз” гуфт, роҳ то ҷомеаи демократӣ наздик ва осон нест.
Президенти Тоҷикистон гуфт, "давлате, ки қариб ҳафтод-ҳаштод сол як сиёсат ва як идеологияро доштааст, наметавонад дар даҳ-бист сол кишвари намуна ва пешрафтаи ҷомеаи демократӣ ё ки мутамаддин бошад. Барои тағйири менталитет ё тафаккури ҷомеа фурсат даркор аст."
Бо ин ҳол, вай вазъи ҷомеаи шаҳрвандӣ, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва матбуоти мустақилро дар Тоҷикистон қаноатбахш ва дар ҳоли рушд номид. “Шоҳид ҳастам, дар соли аввали истиқлолият чаҳор газетаи хусусӣ, як телевизион буд, як агентии иттилоотии давлатӣ буд, ҳоло дар Тоҷикистон қариб 3 ҳазор созмонҳои ҷамъиятӣ ҳаст, ҳизбу созмонҳои ҷамъиятӣ ҳаст, қариб 500 рӯзномаву маҷалла ҳаст, ки 60 фисади онҳо хусусист. Чилучор шабакаи телевизионӣ аст, ки аз ин танҳо чортоаш давлатиянд. Риояи ҳуқуқи инсон қадам ба қадам мо корҳои зиёде анҷом медиҳем. Албатта, мушкилоти зиёде дорем, ки ҳамаи он зина ба зина ҳалли худро меёбанд”-гуфт ӯ.
Дар посух ба ин пурсиш, ки равобити Тоҷикистон бо Русия чӣ гуна шакл мегирад ва оё Тоҷикистон зери таъсири сиёсии Русия аст, ҷаноби Раҳмон гуфт, зиёда аз 1 миллион шаҳрванди кишвараш дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳо равобити хуб дошта, аз сиёсати дарҳои боз ҳимоят мекунад. Ӯ дар робита ба муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон гуфт, "дигар дар минтақа ба куҷо раванд? Бо ин кор ҳам кумак ба иқтисодиёти Тоҷикистон мекунанд ва ҳам ба оилаҳои худашон."
Раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, дар ҳифзи марзи кишвараш бо Афғонистон аз замони хуруҷи русҳо аз ин марз пешрафти бузурге ба миён омадааст, аммо бо назардошти вазъ дар кишвари ҳамсоя ва ба масъалаи ҷаҳонӣ табдил ёфтани қочоқи маводи мухаддир Тоҷикистон дар ҳифзи ин марз ба кӯмаки ҷомеаи байнулмилалӣ ниёз дорад. Вай афзуд, "мушкили асосӣ қочоқи маводи мухаддир аст, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистон бо ҷумҳурии исломии Афғонистон бо ин масъала мубориза мекунанд. Қочоқи маводи мухаддир мисли мушкили терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ як мушкили ҷаҳонист."
Дар мавриди он ки таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон оё ба равобити Тоҷикистону ҷумҳурии исломӣ таъсир дошта ё не, ҷаноби Раҳмон гуфт, "Эрон мақсад ва ҳадафи бунёд кардани яроқи ҳастаиро надорад." Раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард, ки тамоми мушкилот доир ба ин мавзӯъ бояд аз роҳи гуфтушунид ва бо роҳи дипломатӣ ҳаллу фасл карда шавад. "Зиёни ин таҳримҳо, албатта, ба Тоҷикистон ҳам расидааст. Фикр мекунам, на танҳо ба Тоҷикистон, балки бисёре аз кишварҳои пешрафтаи дунё аз он, ҷумла Аврупо ва Ҷопон низ зиён дидаанд. Дар бозори ҷаҳонӣ вақте нархи нафт боло рафт, албатта, иқтисоди мо ҳам аз он зиён дид",-таъкид кардааст ҷаноби Раҳмон.
Мусоҳибаи раисиҷумҳури Тоҷикистон бо расонаҳои хабарӣ кам иттифоқ меафтад ва ин аввалин гуфтугӯи ӯ бо чунин расона дар чанд соли охир буд.
http://www.youtube.com/embed/szMahcaL8QY