Хабарнигорони "Озодӣ" аз наздик бо вазъи фарзандони афроди муҳоҷир дар Тоҷикистон ошно гардиданд.
Ахиран Бунёди кӯдаки Созмони Милал ё ЮНИСЕФ бо анҷоми як таҳқиқот фарзандони муҳоҷиронро ба далели дурии падар аз хонавода "саркаш, осебпазир ва таҳдиде ба ояндаи субот дар ҷомеа" унвон кард. Дар ҳоли ҳозир ба камияш беш аз як миллион марди тоҷик муҳоҷири корӣ аст ва фарзанди онҳо ба гуфтаи ин тақҳиқот, ба иллати адами ҳузури падар дар хонавода умдатан хашмин ва якрав ба воя мерасад.
Аксари фарзандони муҳоҷирони корӣ дар бозорҳои Тоҷикистон низ машғули коранд.
Дар ин таҳқиқоти ЮНИСЕФ вазъи 5 ҳазор нафар аз хонаводаҳои муҳоҷирон пурсида шудааст, ки аксаран фарзандони то 15-сола худро танҳову азёдрафта ва бепуштибон эҳсос мекунанд ва азият мекашанд. 33 дарсади хонаводаҳои пурсидашуда гуфтаанд, ки муҳоҷират ба рӯҳияи кӯдаконашон таъсири бад гузоштааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки беш аз 80 дарсади волидони муҳоҷир бо хонавода ва фарзандони худ моҳе ду бор тамоси телефонӣ доштаанд. Аксари модарони тоҷик ба пажӯҳишгарони ЮНИСЕФ гуфтаанд, ки тарбия ва бузург кардани фарзандон дар танҳоӣ барояшон сангинӣ мекунад.
Ба гуфтаи Лайло Муширӣ, масъули ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, ҳарчанд муҳоҷирати корӣ то ҷое барои таъмини иҷтимоии кӯдакон мусбат аст, ҳиҷрати тӯлонии падарон ё модарон ба рӯҳияи фарзандон таъсири манфӣ доштааст.
Хабарнигорони "Озодӣ" худ ба суроғи фарзандони афроди муҳоҷир рафта ва аз онҳо вазъи зиндагиву таҳсилашонро пурсидаанд. Саре ба ин видео бизанед ва бо чашмони худ бубинед, ки фарзанди муҳоҷирони тоҷик чӣ рӯзу рӯзгоре доранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад