Парлумони Тоҷикистон дар иҷлоси ахири худ бо хоҳиши Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияи Ҳисор ва вилоятҳои Хатлону Суғд номҳои русӣ ва узбакии деҳоти ин манотиқро бо тоҷикӣ иваз кардааст.
Ба иттилои Дафтари матбуотии Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, аз ҷумла дар ноҳияи Ҳисор - деҳоти Хонақоҳ ба Сомон, Қарамқул ба номи Мирзо Турсунзода, Якуми Май ба Чашмаи Моҳиён, деҳаи Оқулии боло ба Сарчашма, Оқулии поён ба Сайёд, деҳаи Заря-Востока ба Хушманзар, Қизилқишлоқ, деҳаи Ҷарак ба Сафобахши шаҳраки Шарора, деҳаи Қарапичоқ ба Ниёгон, деҳаи Учқул ба Зартеппа деҳаи Қулмунда ба Мўъминобод деҳаи Чептураи боло ба Гулрез, деҳаи Киров ба Себистон, деҳаи Қизил-Юлдуз ба Ситора табдили ном карданд.
Дар вилояти Хатлон бошад - деҳаи Бешбулоқ ба Чашмасор, деҳаи Комсомол ба Ваҳдат, Қӯз-Қайнар ба Оби Шифо, Қирғинҷар ба деҳаи Оли Сомон, деҳаи Туғул ба Хуррамзамин, деҳаи Саксанохур ба Кӯҳандиёр, деҳаи Ҷалбузӣ ба Шӯҳратёр, деҳаи Бобосафоли Поён ба деҳаи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, деҳаи Сопкадил ба Ҳамид Баротов, рустои Чапаев ба номи Саъдии Шерозӣ, деҳаи 18-Годовщина ба 20-солагии Истиқлолият номгузорӣ шудаанд.
Дар вилояти Суғд бошад шаҳраки КИМ ба шаҳраки Нурафшон, деҳаи Қистақўз ба Хистеварз, Уткансой ба Чашмасор, Овчӣ ба Ваҳдат, Кенагас ба Меҳробод, Уртақўрғон ба Ҳазорчашма, Иторчӣ ба Истиқлол, Қийғир ба Шоҳин, деҳаи Фрунзе ба Сабристон, Каттақишлоқ ба Хуррамобод, деҳаи Советобод ба Рукнобод, деҳаи Қӯшқӯрғон ба Суғдиён, деҳаи Кенгқӯл ба Истиқлол ва чандин деҳаҳои дигар дар ин минтақаҳо аз ин ба баъд бо тоҷикӣ ном бурда мешаванд.