Ниҳодҳои назорат бар гардиши маводи мухаддири 5 кишвари гурӯҳи "Хатсайри Шимол" -- Афғонистон, Қирғизистон, Русия, Амрико ва Тоҷикистон, рӯзи 29-уми март пушти дарҳои баста ба мулоқот нишастанд.
Саъдулло Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонси назорати маводи нашъаовари назди раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар ин ҷаласа кишварҳои шомили гурӯҳи "Хатсайри Шимол" барои тарҳрезии амалиёти муштарак алайҳи гурӯҳҳои фаромиллӣ дар минтақа сӯҳбат карданд: "Миёни идораҳои зидди маводи мухаддири Афғонистон, Қирғизистон, Русия, Амрико ва Тоҷикистон табодули ахбори оперативӣ дар бораи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хуб ба роҳ монда шудааст. Ин имкон медиҳад, ки нисбат ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноие, ки робитаҳои устувори байнулмилалӣ доранд, ошкор ва аз байн бурда шаванд."
"Хатсайри Шимол" ягона гурӯҳи амалкунанда маҳсуб мешавад, ки дар он кишварҳои асосии мубориз бо қочоқи маводи мухаддири Афғонистон дар Осиёи Марказӣ ҷамъ омадаанд. Ҳамчунин дар ин гурӯҳ ду кишвари бузурги хориҷ, аммо нуфузҷӯ дар минтақа -- Русия ва Амрико ширкат мекунанд, ки барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ барномаҳои вижаи худро пешниҳод кардаанд.
Иёлоти Муттаҳида соли равон омодагии худро барои эҷод ва сармоягузории пулиси маводи мухаддир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳор дошта буд, ки аз сӯи Русия ва сипас кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ наёфт. Дар навбати худ Виктор Иванов, сарвари Хадамоти федеролии мубориза бар маводи мухаддири Русия тарҳи ҷадиди рушди Осиёи Марказӣ бо сармояи ибтидоии 2 миллиард рубли русӣ, муодили беш аз 70 миллион доллар пешниҳод кард ва қисмати умдаи он ба коҳиш додани хатари маводи мухаддир ба кишварҳои минтақа нигаронида шудааст.
Коршиносон бо таъкиди ин нукта мегӯянд, барои ҳеҷ як аз ин барномаҳо заминаи воқеӣ ва бебаҳс вуҷуд надорад. Аркадий Дубнов, коршиноси рус дар масоили Осиёи Марказӣ мегӯяд: "Ғояи Иванов дар бораи корпоратсия ё ширкат хеле зебост, аммо ҳаётӣ нест. Комилан заминае барои як сохтори нави ҳамкорӣ миёни Русия ва Осиёи Марказӣ вуҷуд надорад. Ин як гуна ихтирои велосипеди нав аст, ки роҳ намеравад. Агар воқеан ҳамкорӣ кардан хоҳанд, ниёз ба сохтори нав нест. Барои ҳамкории воқеӣ иродаи сиёсӣ ва эътимод миёни ҳамсояҳо зарур аст. То эътимод нест, ҳеҷ гуна сохтор кӯмак намекунанд. Ин бармалост."
Аммо Роберт Блейк, ёвари вазири хориҷаи Амрико ҳам рӯзи 27-уми март дар Душанбе изҳор дошт, ки Амрико ва Русия дар Осиёи Марказӣ на мухолифат, балки ҳамкорӣ доранд: "Моро хуш меояд, ки бо Русия ҳамкорӣ кунем. Ин хеле муҳим аст ва мо ин корро бо ин кишвари абарқудрат чанд сол аст, ки анҷом медиҳем. Байни мо дар бораи Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум вуҷуд дорад. Барномаҳои нав майдони дигареро барои ҳамкориҳои мо фароҳам мекунанд. Мо онҳоро боз давом хоҳем дод."
Саъдулло Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонси назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари назди раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам бар ин аст, ки ҳамкории кишварҳои гурӯҳи "Хатсайри Шимол" худ намунаи барҷастаи ҳама гуна ҳамкориҳост. Гурӯҳи "Хатсайри Шимол" соли 2010 дар шаҳри Рио де Женейрои Бразилия ташкил шуда, то ба ҳол 6 ҷаласа баргузор кардааст. Тибқи иттилои расмӣ, ошкор ва аз байн бурдани чанд гурӯҳи фаромиллии қочоқбар дар минтақаву ҷаҳон хизмати ин гурӯҳ будааст.