Пайванди Аҳмад Зоҳир бо мусиқии ғарбӣ

Аҳмад Зоҳир

Чопхонаи "Бухоро" китоби наверо дар бораи Аҳмад Зоҳир ва мусиқии ғарбӣ нашр кардааст.
"Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб" унвони китоби нав доир ба зиндагиномаи овозхони маҳбуби Афғонистон Аҳмад Зоҳир аст, ки интишороти "Бухоро" рӯи чоп овард.

Султони Ҳамад, муаллифи ин китоб, ба Радиои Озодӣ гуфт, шумори таронаҳое, ки Аҳмад Зоҳир бар пояи мусиқӣ ва оҳангҳои ғарбӣ дар репертуари худ ҷой додааст, дар ин китоб гирдоварӣ шудааст.

Масалан, ба гуфтаи ӯ, Аҳмад Зоҳир таронаи "Дилбаро, гар ту ёри ман бошӣ..."-ро дар ҳавои оҳанги маъруфи испониёии "Лапалома" сурудааст. Бо ин оҳанг ду ҳазор овозхонҳои ҷаҳон бо забонҳои худ тарона иҷро кардаанд.

Ё ин ки суруди "Ёди рӯзгори ширин..." дар ҳавои оҳанги машҳури итолиёвии "Торне Асаренто" ва таронаи "Ай гулъизори ман..." дар пайравӣ аз як таронаи машҳури фаронсавӣ суруда шудаанд. Дар як бахши ин китоб ба ҷуз оҳангҳои ғарбӣ, ҳамчунин таронаҳое, ки Аҳмад Зоҳир бо забони англисӣ иҷро кардааст, ҷой гирфитаанд.

Султони Ҳамад мегӯяд, дар бораи оҳангнавозоне, ки ҳамроҳ бо Аҳмад Зоҳир асбобҳои мусиқии ғарбиро менавохтанд, дар китоби худ маълумоти муфассал додааст.

Нахустин китобе, ки Султони Ҳамад доир ба зиндагиномаи Аҳмад Зоҳир навишт ва дар соли 2005 ба дасти алоқамандони ҳунари булбули Шарқ расид, "Султони қалбҳо" унвон дошт. Дувумин китоби ӯ "Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ" унвон дорад.