Мақомоти тоҷик мегӯянд, Душанбе бо Теҳрон муносибатҳои хуб дорад ва дар оянда низ ин ҳамкориҳоро идома хоҳад дод.
Бо зикри ин матлаб Давлат Назриев-сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон изофа кард, ки робитаи миёни Тоҷикистон ва Эрон собиқаи тӯлонӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамкориҳо на танҳо дар заминаи фарҳангу таърих ва арзишҳои муштарак, балки бино ба равобити тиҷоративу иқтисодӣ низ сол то сол густариш меёбанд:
“Мо бо Эрон ҳамкорӣ дорем. Ва ҳамкориҳоро дар доираи он созишнома ва ҳуҷҷатҳое, ки ба имзо расонидаем, идома медиҳем. Бо Эрон робитаҳои васеъ ва арзишҳои умумии зиёде дорем. Ва тарҳҳои зиёде бо ширкати ин кишвар дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад ва ин тарҳҳо ба андозаҳои гуногун сармоягузорӣ шудаанд, аз қабили нерӯгоҳи Сангтӯда-2, нақби Истиқлол. Ғайр аз ин корхонаҳои зиёди эронӣ ҳастанд, ки дар Тоҷикистон
фаъолият доранд. Ва дар оянда ҳам барои густариши ҳамкориҳо нақшаҳои зиёде дорем.»
Сӯҳбатҳои намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳанд, ки Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии Амрико рӯзи гузашта дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хост бо мурооти таҳримҳо зидди Эрон, аз тиҷорат ва дигар ҳамкориҳо бо ин кишвар худдорӣ кунанд.
Аммо вокуниши коршиносон ва таҳлилгарон ба ин масъала аз ҳам тафовут дорад. Давлати Усмон, собиқ вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, чунин даъвати намояндаи баландмақоми Амрико на танҳо бидуни риояти назокатҳои дипломатӣ садо додааст, балки манофеи кишварҳои минтақа ва бахусус Тоҷикистонро сарфи назар кардааст. Ҷаноби Усмон мегӯяд дар ҳоле, ки робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Эрон ба барномаҳои ҳастаии ин кишвар сари мӯе рабт надорад ва дар ҳоле, ки Эрон барномаҳои бунёдии Тоҷикистонро сармоягузорӣ мекунад, пешниҳоди қатъи робита ҳамовозӣ пайдо нахоҳад кард:
«Аввал инки чунин тарзи масъалагузорӣ аз нигоҳи қавонини байналмилалӣ дуруст нест. Зеро агар фарз кардем ҳукумати Эрон кадом гуноҳе доштааст, мардум ва миллати Эрон чӣ гуноҳ дорад, ки мавриди муҷозот
қарор бигирад? Дигар ин, ки муносиботи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Эрон дар қазияи ҳастаии ин кишвар кадом таъсире надоранд. Муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Тоҷикистон бо Эрон муносибатҳои иқтисодии маъмулӣ аст. Ва аз тарафи дигар Эрон тарҳҳои бунёдии давлати Тоҷикистонро сармоягузорӣ мекунад.»
Аммо Исмоил Раҳматов, коршиноси мустақили тоҷик мегӯяд, дар ҳоле, ки Шӯрои Амнияти СММ қарори таҳрим алайҳи Эронро ҷорӣ кардаааст, Тоҷикистон ба унвони яке аз кишварҳои узви ин муассисаи мӯътабари байналмилалӣ наметавонад онро сарфи назар кунад. Аз тарафи дигар мегӯяд Раҳматов, Амрико, ки дар муассисаҳои муҳими молиявии байналмилалӣ нақши муҳим дорад ва ин созмонҳо аз ҷумла Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ хеле аз барномаҳои давлати Тоҷикистонро сармоягузорӣ ва кӯмак мекунанд, тарзе ба ин даъвати Амрико бархӯрд намояд, ки бар зарар тамом нашавад:
«Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳо узви СММ аст. Он тасмиме, ки Шӯрои Амнияти СММ қабул мекунад то андозае Тоҷикистон ба он риоят кунад.Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки ба СҶТ шомил шавад. Бо бонкҳои ҷаҳонӣ ҳамкорӣ мекунад. Бо озмонҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкорӣ мекнад, ки дар онҳо Амрико таъсири калон дорад. Ин нуктаро бояд Тоҷикистон ба назар бигирад. Дар масъалаи ҳамкорӣ кардан бо кишварҳое, ки аз тарафи Шӯрои Амнияти СММ мавриди муҳосираи иқтисодӣ ва сиёсӣ қарор гирифтанд, бояд ба назар бигирад.»
Давлати Эрон яке аз панҷ кишвари асосии сармоягузори иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб рафта ва бар пояи омори мунташира, табодули молу коло миёни ин ду кишвар ҳамвора дар ҳоли афзоиш аст. Дар соли 2011 мизони гардиши мол миёни ин ду кишвар 204 миллион долларро ташкил додааст.
Бар изофа Эрон ба унвони яке аз кишварҳои бузурги минтақа дар бархе аз баҳсҳои минтақаӣ, аз ҷумла мушкилоти ҳамли коло тариқи роҳи оҳани Узбакистон аз Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда ва ҳамин ҳол низ эълон кардааст, ки барои ҳалли мушкили маводи сӯхт ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард
Бо ин ҳол Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки мавқеи Тоҷикистон дар мавриди баҳсҳои Амрико ва Эрон бар сари барномаҳои ҳастаии ин кишвар иваз нашудааст ва Тоҷикистон борҳо изҳор доштааст, ки ҷонибдори ҳалли сиёсии ин қазия аст ва таҳриму фишорҳоро қабул надорад.