Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия рӯзи чаҳоршанбе дар раъси як ҳайати баландпоя вориди Теҳрон шудааст.
Бӯҳрони Сурия ва барномаи ҳастаии Эрон аз муҳимтарин мавзӯъҳои гуфтугӯ миёни мақомоти Туркия ва Эрон хоҳанд буд. Оқои Эрдуғон пас аз поёни нишасти амнияти ҳастаӣ дар Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ ба Эрон сафар кардааст.
Туркия эълом кардааст, ки бори дигар ҳозир аст мизбони гуфтугӯҳои ҳастаии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳон бошад.
Гурӯҳи 5+1 моҳи гузашта пас аз дарёфти номае аз Эрон ва ваъдаи ин кишвар ба гуфтугӯ дар мавриди барномаи ҳастаияш, бар сари мавзӯи оғози даври нави музокирот ба тавофуқ расиданд. Қарор аст ин музокирот дар миёнаҳои моҳи апрел баргузор шавад.
Охирин даври музокирот беш аз як сол пеш дар Истанбул сурат гирифт ва натиҷае ба дунбол надошт.
Ба гузориши хабаргузории Олмон, оқои Эрдуғон қарор аст Маҳмуди Аҳмадинажодро аз интизороти қудратҳои ҷаҳонӣ дар мавриди музокироти ҳастаӣ хабардор созад.
Сурия мавзӯи дигари гуфтугӯи оқои Эрдуғон бо мақомоти эронӣ хоҳад буд. Давлати Эрон аз Башор Асад пуштибонӣ мекунад ва Туркия аз мухолифони Сурия.