Ҳалокати чаҳор нафар дар таркише дар Урузгон

Бар асари таркиш дар канори шаҳри Таринкот, маркази вилояти Урузони Афғонистон, чаҳор нафар – узви пешини палатаи болоии парлумон, ду муҳофизи ӯ ва як раҳбари қабилаи маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои полиси маҳаллӣ, мошини онҳо ба минаи рӯи раҳ бархӯрд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе ё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст.