Вазирони хориҷаи ИА рӯзи ҷумъа дар Брюссел алайҳи режимҳои Сурияву Беларус ва Эрон таҳримоти нав ҷорӣ карданд.
Дипломатҳо мегӯянд, таҳримоти нав, аз ҷумла манъи раводиди сафар ба ИА барои раисиҷумҳури Сурия Башор Асад, ҳамсари ӯ Асмо ва ҳудуди 10 суриёии дигарро дар бар мегирад.
Итиҳодияи Аврупо то ҳол ҳудуди 150 ширкату атбои Сурияро ба далели саркӯбии хушунатомези эътирозҳои зидди режими Асад таҳти таҳримот қарор дода буд. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон ҳанӯз қабл аз нишасти Брюссел гуфт, ҳадаф аз таҳримоти зидди Сурия, афзоиши фишор ба режими Асад ба хотири хатми саркӯбиҳост, ки ба ҳисоби СММ, то имрӯз беш аз 8000 кушта ба ҷо гузоштааст: “Ман дар воқеъ нигарони мавҷи фазояндаи хушунат дар Сурияам ва мо ба василае ниёз дорем, ки пеш аз ҳама, ба хушунат поён диҳад.”
Асмо Асад, ки зодаи Бритониёст, дар пайи аз сӯи фаъолон боз шудани номаҳои электронии ӯву шавҳараш, зери оташи интиқодҳо қарор гирифт. Аз ин номаҳои воқеъияташ ҳанӯз тасдиқношуда бармеояд, ки Асмо бо вуҷуди ташдиди хушунатҳо дар кишвараш, ҳамчунон ба харидани молҳои қиматбаҳо дар Интернет идома медод.
Ҳамин тавр, ба рӯйхати сиёҳи Беларус, ки то ҳол иборат аз 230 ном буд, исми 29 ширкат ва 12 нафари дигар масъули таъқиби мухолифони сиёсии режими Аляксандр Лукашенка афзуда шуд. Вазири хориҷаи Олмон Гвидо Вестервелле ба дунбол Лукашенкаро бори дигар “охирин диктатори Аврупо” ном бурд. Минск ба таҳримоти як моҳ пеши ИА бо талаби тарки кишвар кардани сафирони ИА ва Лаҳистон посух дода буд.
ИА ҳамин гуна, боз 17 эронии масъули нақзи ҳуқуқро ба рӯйхати сиёҳи иборат аз 61 нафараш шомил карда, содироти таҷҳизоти қобили истифода дар назорати электронӣ ба Эронро манъ кард. Дар нишасти Брюссел тартиби аз 1-уми июл ба иҷро даровардани манъи воридоти нафти Эрон низ мушаххас шудааст.