Вазорати молияи Узбакистон бознишастагонро ба дарёфти нафақаи беш аз ҳадд айбдор кардааст.
Мақомоти узбак аз ин бознишастагон хостаанд, пулҳои "ғайриқонунӣ" бадастовардаашонро баргардонанд.
Ин тақозо дар ҳолест, ки Тошканд ба бозбинии шеваи таъмини нафақаи шумори афзояндаи мардуми бознишастааш пардохтааст.
Дар Тоҷикистон низ афроди бознишаста талош мекунанд, то бо ҳар роҳе як миқдор ба нафақаи хеле ночизи худ худ биафзоянд. Аммо ба назари бисёриҳо, дар ғайри сурати чунин “чолокӣ”, як бознишаста дар Тоҷикистон наметавонад бо он нафақаи каме ки давлат ба ӯ медиҳад, рӯзи худро гузаронад.
Вазорати молияи Узбакистон ахиран эълон кард, ки пули нафақаи бахши аъзаме аз 6 миллион бознишаста дар ин кишвар “нодуруст баровард шудааст” ва ин мардум назар ба муқаррарот, 105 миллион доллар нафақаи бештар гирифтаанд, ки бояд акнун баргардонанд. Ба бовари ин вазорат, бо идомаи тафтишот ҳаҷми нафақаҳои “ғайриқонунӣ” боз ҳам хоҳад афзуд.
Як ходими Сандуқи нафақаи Узбакистон бидуни бурдани ном ба Радиои Озодӣ гуфт, сухан дар бораи бознишастагоне меравад, ки ба хотири дарёфти нафақаи бештар маоши худро бузургтар нишон медиҳанд: “Агар бознишаста, барои мисол, 100 сӯм маош мегирифт, кӯшиш мекунад, ки маошашро 200 ё 300 сӯм нишон диҳад. Онҳо бо ҳамин роҳ соҳиби нафақаи болотар мешаванд. Ва далели аслии назар ба ҳисобҳо бештар пул пардохтани Сандуқи нафақа низ ҳамин аст.”
Нафақаи миёна - 123 000 сӯм
Тӯли миёнаи умр дар Узбакистон ҳамагӣ 64 сол буда, занон дар ин кишвар аз синни 55 ва мардон аз синни 60 бознишаста мешаванд. Нафақаи миёнаи моҳона дар Узбакистон дар ҳоли ҳозир 123 000 сӯм, ё тақрибан 50 долларро ташкил дода, давлат феълан ба беш аз 6 миллион нафар нафақа медиҳад, яъне тақрибан ба ҳар нафари панҷум. Ин дар ҳолест ки ба маҳзи коҳиши иқтисодаш, дасти Узбакистон барои таъмини пули нафақаи артиши афзояндаи бознишастагон кӯтоҳтар мешавад. Ва аз анҷоми ислоҳоти иқтисодӣ ҳамчунон сарсахтона сар печидани раиси худкомаи ин ҷумҳурӣ Ислом Каримов вазъро боз ҳам бӯҳронитар кардааст.
Ба назари бисёриҳо, ҳамин дасти кӯтоҳ Тошкандро маҷбур кардааст, ки ҳатто ба ҷайби бе он ҳам тиҳии бознишастагон дидаи умед бидӯзад. Як нафақахӯри 72-сола дар ноҳияи
Урганҷи вилояти Хоразм гуфт, мақомот ҳама айбро ба гардани мардуми солхӯрда зада, тақсири худро нодида мегиранд: “Як коргари собиқи манро айбдор кардаанд, ки 9 миллион сӯм нафақаи изофӣ гирифтааст. Мақомоти Сандуқи нафақа аз ӯ хостаанд, ки ин пулро пурра баргардонад.”
Аммо масъала ин аст, ки ин қишре ки манбаи дигари даромад надорад, ин 105 миллион долларро аз куҷо ҷамъ хоҳад кард? Раиси як маҳалла дар Узбакистон гуфт, аз мардуми нафақахӯр кашида гирифтани ин маблағ амри муҳол аст: “Ман як раиси собиқи маҳалларо медонам, ки аз кисаи худаш 2 ё 3 миллион сӯмро ба давлат баргардонд, чунки нафақахӯрон нафақаи худро алакай хӯрда буданд. Раисони маҳаллаҳоро маҷбур мекунанд, ки ин пулро аз ҷайби худ пардохт кунанд. Раиси маҳаллаи моро ҳатто барканор карданд. Ӯ ҳанӯз ҳам талош дорад, ки 2 ё 3 миллион сӯмеро, ки ба ӯ фармудаанд, аз нафақахӯрон ҷамъ кунад.”
Бо 111 сомонӣ рӯзи кӣ мегузарад?
Исмоил Талбаков, вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, чунин талошҳо барои дарёфти нафақаи болотар дар Тоҷикистон низ кам нест ва ин мавзӯъ моҳе пеш, ҳангоми баҳси тарҳи нави Қонуни нафақа дар парлумон мавриди баҳси зиёд қарор гирифт. Оқои Талбаков анҷоми як чунин тафтиши фарогири умури нафақа дар Тоҷикистонро низ зарур мешуморад:
“Дар давраи нооромиҳои Тоҷикистон дар масъалаи нафақа ҳолатҳои коррупсионӣ ҳам буд, ҳолатҳои қасдона ҳам буд, ҳолатҳои манфиатҷӯӣ ҳам буд. Ҳамаи ин буд, чунки бархе аз нооромӣ дар кишвар ба сӯди худ истифода мебурданд. Албатта, санҷишу тафтиш даркор аст. Аъмоли номатлуб бояд пешгирӣ шавад. Ва аслан маблағҳое, ки аз будҷа меравад – чӣ барои музди кор, чӣ барои нафақа ва чӣ барои дигар барномаҳо – бояд зери тафтишу назорат қарор дошта бошад.”
Дар Тоҷикистон феълан 585 000 нафар аз давлат нафақа мегиранд. Аммо маблағи миёнаи нафақа дар ин кишвар ҳамагӣ 111 сомонист, яъне муодили чизе бештар аз 20 доллар ё нархи як халта орд. Бобои Халил, ки 74 сол дорад ва 11 сол боз нафақа мегирад, гуфт: “Ҳамагӣ 126 сомонӣ нафақа мегирам. Аз куҷо мерасад ба зиндагӣ? Ҳатто ба чою нон намерасад. Як халта орд мешавад, дигар на ба равғану ягон чизи дигар намерасонад. Нафақаам аввал 22 сомонӣ буд ҳамагӣ. Давлат кам-кам зиёдаш кардан гирифт ва ҳоло 126 сомонӣ шуд. Инро куҷояшро боз мегиранд. Агар бигирандаш, пас мо чӣ кор кунем?”
Иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, талоши қишри осебпазири бознишаста барои ба ҳар роҳе боло бурдани пули нафақаашон на ба хотири маҳз нақзи қонун, балки аз ночорист, чунки ба 111 сомонӣ зиндагии касе пеш намеравад. Ин аст ки аксарияти кулли мардуми солхӯрда дар Тоҷикистон бештар ба кӯмаки фарзандони худ умед мебанданд, то ба синаи раҳми давлат, ки оё кай барояшон нафақаи шоистаеро қоил хоҳад шуд?