Дар шабакаи Ютюб навори лаҳзаҳои рақси Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон дар ҷашни Наврӯз дар Тошканд нашр шудааст.
Дар ин “рақси наврӯзӣ”, ки аз телевизиони давлатии он кишвар пахш шудааст, раисиҷумҳури Узбакистонро сафири Амрико дар Тошканд ҳамроҳӣ мекунад.
Ин навори аввалин аз рақси як раисиҷумҳури кишварҳои Шӯравии пешин нест, ки нашр мешавад. Ҳамагӣ чанд рӯз қабл дар шабакаи Ютюб видеои тақрибан якдақиқаии рақси раисиҷумҳури Тоҷикистон нашр шуда буд.
Дар наврӯзи соли гузашта низ як навои бадахшӣ раисиҷумҳури Тоҷикистонро дар “Наврӯзгоҳ” ба ваҷд овард ва ӯ шурӯъ ба дастафшонӣ карда буд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад