Зиёиёни тоҷик: Дар хидмати низом

Мулоқоти аҳли зиё бо раиси ҷумҳур дар остонаи ҷашни Наврӯз.

Зиёии тоҷик рисолати аслиаш, ки иҷрои нақши пул байни мардум ва ҳокимон аст, иҷро намекунад, балки худ як асбоби маддоҳӣ ва “силоҳи идеологӣ”-и давлатдорон шудааст.
Чунин аст як бардошти аслии мунтақидон аз мулоқоти навбатии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо равшанфикрон. Бисёриҳо ин ҳамоишро ҳатто бо ин сатҳи кӯтоҳи: “Нишастанду гуфтанду бархостанд” хулоса мекунанд.

Иршоди Сулаймонӣ, устоди Донишгоҳи миллӣ, ки дар бораи нақш ва мақоми зиёиён дар Тоҷикистон таҳқиқоте ҳам анҷом додааст, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, мулоқоти равшанфикрон бо президент бори дигар собит кард, ки ин қишри дар гузашта “гули сари сабат”-и ҷомиа дигар чандон, тавре оқои Раҳмон дар ҳамин мулоқот гуфт, “ченаки дараҷаи маданият ва тафаккури миллат” ё “пул миёни дирӯз, имрӯз ва фардои ҷомеа” нест.

Зиёӣ танҳо дипломдор нест

Бо номи интеллигенсия, яъне зиёӣ ё равшанфикр, дар фарҳангҳо қишре таъриф мешавад, ки машғули нафақат кори фикрист, балки тафаккури интиқодӣ ва тавони истифода аз донишу таҷрубаи худу азму қудрати ҷалби таваҷҷӯҳ ба маҳсулоти фикриашро ҳам дорад. Ҳофизи бузургвор ҳам дар бораи ҳамин тоифа гуфтааст ки: “Аз Худо металабам сӯҳбати равшанройе.”

Иршоди Сулаймонӣ

Ҷомеашиносон қишри зиёиро ба се табақа тақсим мекунанд. Табақаи боло ё фарзонагон аҳли илму фан ва фарҳангу адабиёт буда, табақаи дуввум, ё “оммаи равшанфикр”, иборат аст аз устодону табибон, хабарнигорон ва амсоли онҳо. Табақаи охир, ки “нимазиёӣ” низ номаш мебаранд, сутуҳи пойинтаре, чун ҳамшираҳои тиббӣ ё референту лаборантҳоро фаро мегирад. Таърифи зиёӣ дар Тоҷикистон, албатта, хеле соддатар аст ва марбут мешавад ба тамоми онҳое ки дипломи ягон мактаби олиро доранд.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯ бо Иршод Сулаймонӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон



Маҷаллаи “Элита” тарҳи вижае бо номи “Ояндаи Тоҷикистон”-ро ба роҳ андохта, дар ду бахши аввали ин силсила ба академикҳои тоҷик Мамадшо Илолов ва Мӯсо Диноршоев минбар додааст. Ба эътиқоди Далери Ғуфрон, сардабири “Элита”, аҳли зиё бояд ба дурнамо фикр кунанд, то ба масоили рӯзмарра ва рӯи масоиле бияндешанд, ки дар дарозмуддат аз домани кишвар хоҳанд гирифт:

“Имрӯз мо чӣ мушкилу чӣ масъала дорем, ҳар одами оддӣ ҳам медонад. Шофир ҳам медонаду деҳқон ҳам. Аммо инки дар оянда моро чӣ дар пеш аст, инро бояд равшанфикрон фикр кунанд, вазифадоранд, ки фикр кунанд. Мушкилоте ки баъди 10 ё 20 сол пеш меоянд, пешгӯӣ кунанд, роҳи ҳаллашро аз ҳоло биёбанд. Ба мисли Тоҳири Абдуҷаббор, ки масоили 20 солу 30 сол пеш матраҳкардаи ӯ имрӯз торафт муҳим ва моро домангир мешаванд. Мо мехоҳем, ки равшанфикрони мо ҳамин гуна рисолатро дошта бошанд.”

Равшанфикрони дармонда дар солҳои 80

Аммо ба сурати умум, равшанфикри муосири тоҷик нафаре таъриф мешавад, ки баъди суқути Шӯравӣ дар банди мушкилоти рӯзгор дармонда, мутолиаи чандоне дигар надорад ва табибаш то ҳол мардумро бо донишҳои марбути солҳои 80 табобат мекунад ва омӯзгораш ҳамчунон бо шеваҳову китобҳое дарс медиҳад, ки низ моли ҳамон солҳост. Шояд фақат бо ин фарқ, ки дар таркиби сиёсии ин китобҳои дарсӣ ҷои Ленину коммунизмро Эмомалӣ Раҳмон ва шукри истиқлол иваз кардаанд. Ва ин дар ҳолест ки ба ақидаи аксар, дар ин 20 соли гузашта аз марги Шӯравӣ ҷаҳон бахусус аз нигоҳи пешрафти илму фанноварӣ роҳи баробари як асрро тай задааст.

Ба бовари Далери Ғуфрон, қишри зиёӣ имрӯз ҳатто ба фарқ аз даврони Шӯравӣ бояд баръакс бамаротиб фаъолтар шавад, чунки рисолаташ хеле бузургтар шудааст: “Дар давраи Шӯравӣ инҳо фақат вазифадор буданд, ки сиёсати вақтро тарғибу ташвиқ кунанд. Дигар тамом, ояндаи инҳоро аз Маскав муайян мекарданд. Ин вазифаи зиёиёни мо набуд. Аммо имрӯз, ки тақдири мо дар дасти мо худи мост, мо бояд пеш аз ҳама рисолати ояндабинӣ дошта бошем. Мо ҳамин равандро намебинем, эҳсос намекунем, ки равшанфикрони мо дар бораи оянда ва дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоиву фарҳангии кишвар фикр кунанд.”

Ҷунбишҳои равшанфикрии мардуми тоҷик

Ҷунбишҳои равшанфикрии мардуми тоҷик ба маънои муосираш дар авоили асри 20 ва ҳанӯз дар аҳди аморати Бухоро ба сурати ҳаракати ҷадидҳо шакл гирифт. Дар аҳди Шӯравӣ интеллигенсия асосан вазифаи “силоҳи идеологии КПСС”-ро иҷро мекард, вале аз миёнаш ҳамеша садоҳое миллатпарастона баланд мешуд. Дар солҳои 20-у 30,
барои мисол, сохтани Тоҷикистон ба ҳайси як ҷумҳурии алоҳида меҳвари иттиҳоди аҳли зиё шуд, ки дар ниҳоят бо қатл шудани пешоҳангони ин ҷунбиш, чун Шириншоҳ Шотемур, Чинор Имомов, ё Нусраттулоҳ Махсум, дар зери чархҳои мошини террори сталинӣ анҷомид.

Аммо баъдҳо ҳам, бо вуҷуди таъқиби сахти КГБ наҳзати бедорӣ дар Тоҷикистон аз ҷӯш намонд ва дар авоили солҳои 90 ҳамин қишри равшанфикр буд, ки раҳбарии эътирозҳои мардумиро ба ӯҳда гирифт ва сарони коммунисти Тоҷикистонро ибтидо ба додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ мутақоид сохт ва баъдан - ба эълони истиқлоли ин кишвар. Аммо дар пайи ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ фурӯ рафтани Тоҷикистон, қишри зиёӣ аз саҳна канор зада шуд ва худаш ҳам ба ин мақоми ҳошияӣ чунон қаноат варзиду ба даҳон об гирифт, ки садояш қариб дар намеояд. Ҳатто дар мулоқотҳои солонаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо равшанфикрон.

Сукуте ки хеле тӯл кашидааст

Бисёриҳо куштори шумори бузурги равшанфикрон ва роҳи ғурбатро пеш гирифтани хайли дигари бузург аз ин тоифа дар пайи ҷангро як омили аслии сукути тӯлкашидаи боқимондаи аҳли зиё дар Тоҷикистон медонанд.

Боғшоҳи Лашкарбек, донишманди тоҷик

Боғшоҳи Лашкарбек, донишманди тоҷик, ки аз солҳои 90 дар Маскав ба сар мебарад, мегӯяд: “Чунки зарурат намонд барои онҳо. Вақте ҷунбишҳои демократӣ шурӯъ шуданд дар аввали солҳои 90, Тоҷикистон дар ҷои аввал буд дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ. Ҷунбишу ҳаракатҳои зиёде рӯи кор омада буд. Вале баъди онки ин ҳама ба нокомӣ дучор шуд, равшанфикронро маъюсӣ фаро гирифтааст. Ҳама ноумед шуданд ва дигар фикр мекунанд, ки ҳарчанд талош ҳам кунем, натиҷае нахоҳад дод. Чунки хеле ба талхӣ анҷом ёфт он ҳама.”

Ба назари аксар, қишри зиёӣ дар Тоҷикистон ба гунаи даврони Шӯравӣ як силоҳи идеологӣ боқӣ мондааст, вале акнун дар дасти давлатдорони кунунӣ. Раъйи сазовор дар интихоботҳоро барои ҳизби ҳоким ҳамин муаллимону табибони басиҷшуда таъмин мекунанд, дар саргаҳи ин ҳама маъракаҳои моломоли мадҳу ситоиши “сиёсати хирадмандона”-и раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамин зиёиён истодаанд. Касе аз равшанфикрон аз рӯзгори сахту бебарқии мардум лаб намекушояд, вале тарҳи Роғун, ки ҳанӯз танҳо дар рӯи қоғаз аст, алакай мавзӯъи даҳҳо шеъру достону ҷилд-ҷилд китоб шудааст.

Амнияти Абдулназар, аз фаъолони ҳизби мухолифи сотсиал-демократ мегӯяд, қишри зиёӣ дар Тоҷикистон дар чунон шароити танг ба сар мебарад, ки илоҷе ҳам ба ҷуз аз ёфтани дили мақомот надорад ва ин аст ки тамоми зарфияти фикрии худро дар ивази андак имтиёз дар хидмати режими ҳоким мегузорад:

Амнияти Абдулназар

“Вақте хирад дар ҷомиа қадр надорад, интеллигенсия аз байн меравад. Зиёиро имрӯз дар Тоҷикистон ба маънои инсони комили соҳиби ақлу донишу матонат намефаҳманд. Зиёӣ дар ин ҷомиа касест, ки молу пул ва мансаб дорад. Он мардуме ки мо чун зиёӣ мешиносем, агар имрӯз мадҳи ҳукумат накунад, шояд фардо ба сафи муҳоҷирон бипайвандад. Дар Тоҷикистон ягон зиёӣ ҷасорат надорад, чунки лаҷоми мардум дар дасти қонун нест, дар дасти шахсони алоҳида аст.”

Зиёӣ дар ҷомиаи мансабдорӣ

Таҳлилгарон Тоҷикистонро як ҷомиаи мансабдорӣ таъриф мекунанд, ки нуфузи аввал ва фавқулодда бар мардумаш табъан дар дасти ҳамин қишри мансабдор аст. Аммо обрӯи қишри равшанфикр дар ду даҳсолаи охир чунон аз даст рафта, ки онҳо нафақат аз давлматмардон, балки аз рӯҳониён низ хеле ақиб мондаанд. Боғшоҳи Лашкарбек, донишманди тоҷики муқими Маскав мегӯяд, аҳли дин ба фарқ аз зиёиён ба мардум хубтар гӯш дода, аз гуфтани дарди дили онҳо низ камтар ибо мекунанд: “Воқеан ҳам имрӯз садои рӯҳонӣ баландтар аст аз садои зиёӣ дар Тоҷикистон.”

Ба гуфтаи мусоҳибони мо, феълан хабарнигорон як табақаи нисбатан фаъолтари равшанфикр дар Тоҷикистон боқӣ монда, ба фарқ аз табақаи “фарзонагон” аз гуфтани мушкилоти ҷомиа камтар парҳез мекунанд.