Раисиҷумҳури Фаронса мегӯяд, ҳамла дар наздикии як мактаби яҳудиён, ки чаҳор кушта ба ҷой гузошт, “фоҷиаи миллӣ” аст.
Никола Саркозӣ баъди чанд соат аз ин ҳамла, ки дар он се кӯдак низ қурбон шуданд, ба маҳалли ин ҳодиса рафт. Вай гуфт, "ин як ваҳшат аст, як фоҷиа аст. Намедонам, чӣ метавонист, сабабҳои ин ҳодиса шавад. Тассавур карда наметавонам, ки як нафар метавонад инсонҳоро дар назди мактаб бикушад, дар мактаби кӯдакони яҳудӣ. Ин як фоҷиа аст."
Никола Саркозӣ афзуд, миёни ин ҳамла ва ду ҳамлаи дигар, ки дар он се сарбози фаронсавӣ кушта шуданд, монандиҳои такондиҳанда дида мешавад. Додситонҳои Фаронса дар робита ба ин ҳамлаҳо дар шаҳри Тулуза парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Дар ин тирандозӣ аз сӯи як фарди мусаллаҳи мотосиклсавор се кӯдаки аз 3 то 10-сола ва муаллими сисолаи онҳо кушта шудаанд. Додситони Тулуза Мишел Валет дар бораи ин ҳодиса гуфт: "Ин мард аз мотосиклаш поён омада дар берун аз мактаб ба сӯи ҳар касе, ки пешаш буд, тир андохтааст, ҳам кӯдаку ҳам калонсолон."
Ҳоло пулиси Фаронса дар пайи фарди мотосиклсаворест, ки баъди тирандозӣ аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст. Пештар аз ин, дар рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи гузашта як марди мотосиклсавор дар ду ҳамлаи алоҳида се сарбози фаронсавиро кушта ва як тани дигари онҳоро захмӣ кард.
Иттиҳодияи Аврупо хунрезии ахирро “ҷинояти нафратангез” хонд. Шӯрои яҳудиёни Аврупо ҳамла дар Тулузаро “ваҳшоният” унвон кардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад