Муҳоҷирони тоҷик, ки зимистони сардро дар ватан паси сар кардаанд, боз роҳи Русияро дар пеш мегиранд.
Оғози баҳор дар Тоҷикистон оғози мавсими муҳоҷират ба Русия аст. Аз моҳи март то апрел бисёре аз сохтмонҳои Русия дубора шурӯъ мешаванд. Аммо роҳи расидан ба Русия пурпечутобу мушкил аст. Нахустин душвориҳо дар ватан сар мешаванд. Аз ҷумла, ширкатҳои ҳавонавардӣ бо истифода аз фурсат нархи билетро боло мебаранд.
Гузашта аз ин, шароити кори муҳоҷирони тоҷик дар Русия сол то сол душвортар мешавад. Даъватҳои рондани муҳоҷирон дар Русия ҳарчӣ бештар садо медиҳад. Давраи ҳукумати Медведев дар ёди муҳоҷирон бо шиддат ёфтани қонунгузориҳои федерол, куштор ва хунталабии бештари сартарошидаҳо ва ҳамчунин истифодаи муҳоҷирон ба ҳайси "посухи номутаносиб"-и сиёсатҳои Кремл боқӣ мемонад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон аз бозгашти Владимир Путин ба курсии раёсати ҷумҳурии Русия дигаргуниҳои ҷиддиеро интизоранд, ки, ба ақидаи онҳо, ба ҳаёти муҳоҷирон таъсири мусбат хоҳад дошт. Аммо ҳукумати Тоҷикистон барои муҳоҷирони худ чӣ мекунад? Як сол пеш дар кишвар Хадамоти муҳоҷират таъсис дода шуд. Ин ниҳод стратегияи муҳоҷирати кориро муайян кард. Бино бар он, муҳоҷират мушкили иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар ба шумор намеравад. Мансабдорони давлат онро як раванди табиии умумиҷаҳонӣ меноманд, ки ба танзим ва назорат ниёз дорад.
Дар ҳоли ҳозир, ба ақидаи коршиносон, мушкили асосии муҳоҷирони тоҷик бемаърифатии ҳуқуқии онҳост. Бисёре аз онҳо дар Русия аз одитарин ҳуқуқи шахси коргар маҳруманд. Аммо мақомоти давлат худро аз ҳалли ин мушкил канор кашида, дар ҷои онҳо асосан созмонҳои байнулмилалӣ фаъолият мебаранд.
Солона муҳоҷирони тоҷик маблағеро ба Тоҷикистон мефиристанд, ки қариб ба ними даромади нохолиси миллии кишвар баробар буда, ҳудуди 3 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ба ақидаи таҳлилгарон, маҳз пули муҳоҷирон иқтисодиёти яке аз қашшоқтарин кишварҳои Шӯравии собиқро дар ҳоли гардон нигоҳ медорад.
Талабшо Холиқов, журналисти тоҷик, ки худ 11 сол дар Русия кор кардааст, мегӯяд, муҳоҷират якҷоя бо нерӯи арзони кор нерӯи интеллектуалии Тоҷикистонро низ аз кишвар мерабояд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад