Сел дар Ховалинг. Посухи раис ба хонандаи "Озодӣ"

Акс аз бойгонӣ

Қодир Валиев, раиси ноҳияи Хованинг ба номаи як хонандаи торнамои "Озодӣ" посух гуфт.
Як хонандаи торнамои "Озодӣ" ба мо нома навишта хабар дод, ки дар пайи сел дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон як хонавода бесарпаноҳ монда ва мақомот ба он таваҷҷӯҳе надоранд.

Мазмуни номаи ӯ чунин аст: "Дар посёлка (маҳалла)-и Лоҳутии ноҳияи Ховалинг як оила бесарпаноҳ монд. Ҳукумати ноҳия бошад, чун тамошобин назорат дорад. Шабонарӯзи сеюм аст, ки ин оила сарсону саргардон аст. Шабро дар хонаи ҳамсояҳо рӯз мекунанд ва рӯзҳо бошад дар лаби дарё. Илтимос, ба ҳукумати ноҳияи Ховалинг фаҳмонед, ки чи тавр ба ин оила кӯмак кунанд."

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе бо раиси ноҳияи Ховалинг Қодир Валиев дар тамос шуд ва вазъи ба амаломадаро пурсид. Ҷаноби Валиев гуфт, дар ҳақиқат обхезӣ манзили зисти як сокини ин ноҳияро хароб кард ва феълан аз ин хона ҳамагӣ як метр девор боқӣ мондааст.

Вай афзуд, масъулони ҳукумати ноҳия ҳамроҳ бо кумиссиюни Идораи ҳолатҳои фавқулода аҳли оилаи бесарпаноҳро ба ҷои дигар кӯчонидаанд. "Ба зудтарин фурсат бояд манзили дигар, дар ҷои амнтар, ба ин хонавода дода шавад. Номи сарвари ин хонавода Сайвалӣ буда, панҷ кӯдак дорад. Ҳоло боз се манзили дигар ҳам дар инҷо осеб дидааст, ки Идораи ҳолатҳои изтирорӣ бояд ба вазъи онҳо расидагӣ кунад",-- илова кард ӯ.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Раиси ноҳияи Ховалинг дар бораи селхезӣ



Ҳоло ба қавли раиси ноҳияи Ховалинг Қодир Валиев як кумиссиюн аз Идораи ҳолатҳои фавқулода барои мустаҳкам кардани соҳили дарё плитаҳои сементӣ (соруҷӣ) овардааст ва ҳамаи чораҳо ҷиҳати амни мавзеъҳо дида хоҳад шуд.