Дар Душанбе ҳамоиши ёдбуди бунёдгузорони ҲНИТ Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш раҳбарони ҲНИТ, сиёсатмадорон, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ҳузур доштанд.
Ҷараёни ин ҳамоиш наворбардорӣ мешуд ва ҳамзамон дар сомонаи расмии ҲНИТ бозтоб меёфт.
Ҳамоиши ёдбудро Саидумар Ҳусайнӣ, аз чеҳраҳои бонуфузи ҲНИТ ва вакили МН ифтитоҳ намуда ба нақши ин ду чеҳраи боризи Ҳизби наҳзат таъкид кард.
Дар суханрониҳо ва гузоришҳое, ки аз ҷониби сиёсатмадорон ва коршиносон ироа шуд, бештар бар нақши ин ду чеҳраи сарнавишсози Наҳзати исломии Тоҷикистон дар роҳи эҷод ва ба даст овардани оштии миллии тоҷикон таъкид шуд.
Рашид Ғанӣ Абдулло, сиёсатшиноси тоҷик дар ин ҳамоиш хотира ва андешаи худро дар бораи Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода баён намуда, таъкид кард, ки мақому нақши онҳо, махсусан дар бунёди сулҳ дар марҳалаи аввали истиқлолият шоиста ва нотакрор буд.
Рашид Абдулло афзуд, ки нахустин хизмати Саид Абдуллоҳи Нурӣ он буд, ки ӯ тавонист гурӯҳҳои мухталифи мухолифини ҳукуматро зери як ливо ҷамъ овард.
Оқои Ғанӣ Абдулло ҳамчунон ишора кард, ки дар лаҳзаҳое ки зархаридҳои хориҷӣ мехостанд бо ҳар роҳе бо яке аз ҷонибҳо ҳамроҳ шуда Тоҷикистонро ба саҳнаи ҷанги давомдор табдил диҳанд, Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба унвони раҳбари мухолифини тоҷик тавонист аз он ҷилавгирӣ кунад.
Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, рӯҳонии шинохтаи кишвар ва аз раҳбарони пешини мухолифини тоҷик, гуфт шахсиятҳои бузург дар зиндагиаш қадр намешавад, аммо мо имрӯз дарк мекунем, ки то кадом андоза талошу аз худ гузаштанҳои ин чеҳраҳо дар роҳи ба даст овардани сулҳ ва оштӣ арзишманд будааст.
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз замони таъсиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар миёнаҳои даҳаи 1970 раҳбарии онро бар ӯҳда дошт. Дар замони даргириҳои дохили солҳои 1992-1997 раҳбари Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин буд.
Баъд аз имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон дар соли 1997, Кумиссиюни оштии миллиро то соли 1999 ба раҳбарӣ мекард. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ 9-уми августи соли 2006 дар синни 59-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Аммо Муҳаммадшариф Ҳимматзода, ки чанд муддат вакили парлумони Тоҷикистон буд, бино ба бемории тӯлонӣ дар баҳори соли 2009 истеъфо дод ва баъд аз як сол дар шаҳри Душанбе даргузашт.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон танҳо созмони сиёсии мазҳабӣ дар кишварҳои Муштаракулманофеъ аст, ки бори аввал дар соли 1991 ва бори дуввум соли 1999 баъди бозгашти роҳбарияти он аз муҳоҷират расман сабти ном шудааст. Масъулини ин ҳизб мегӯянд, созмонҳои ибтидоии ҳизби мазкур дар саросари кишвар фаъолият мекунад ва дар ҳоли ҳозир ин ҳизб 40 ҳазор узв дорад.