Корҳои тармиму навсозӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе алорағми бориши беисти борон ба шиддат ҷараён дорад.
Қарор аст дар ин «Наврӯзгоҳ» маросими асосии Наврӯзи байналмилалӣ бо ширкати сарони кишварҳои Эрон, Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар рӯзҳи 25-26 март баргузор шавад.
Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати истиқболи сазовори меҳмонон ва низ ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, «ташкили шароити хуби фароғат ва истироҳат»-и шаҳрвандон, ба маблағи чор миллиону сесадҳазор сомонӣ «Наврӯзгоҳ»-и Душанберо дубора тармим ва навсозӣ хоҳад кард.
Азбаски ин таҷҳизот аз хориҷи кишвар ворид мешавад, ҳукумати Тоҷикистон ба Қонуни буҷаи давлатӣ дар соли 2012 тағйирот ворид кард.
Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон дар иҷлоси ахири парлумон изҳор дошт, ҳукумат барои воридоти таҷҳизоти «Наврӯзгоҳ» пардохтҳои гумрукиро ба маблағи 860 ҳазор сомонӣ, аз он ҷумла андоз аз арзиши изофашуда 820 ҳазор сомонӣ ва боҷи гумрукӣ 50 ҳазор сомонӣ гузашт кардааст.
«Наврӯзгоҳ»-и Душанбе дар маҳалли маъруф ба «Ипподром»-и пойтахт дар соли гузашта дар арафаи ҷашни Наврӯз сохта ва ба истифода дода шудааст.
Дар ҳамин ҳол шаҳрдории Душанбе мегӯяд, аз 17 то 27-уми март чорабиниҳои наврӯзӣ дар пойтахт идома мекунанд.
Шаҳрдории Душанбе барномаи таҷлил аз Наврӯзи байнулмилалиро таҳия кардааст, ки бар асоси он имсол чорабиниҳои наврӯзӣ дар пойтахти кишвар то 10 рӯз идома хоҳанд кард. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки сокинони манотиқи Тоҷикистон соли гузашта ҷашни Наврӯзи байнулмилалиро чаҳор рӯз таҷлил карда буданд.
Давлати Тоҷикистон низ имсол барои таҷлил аз Наврӯзи байнулмилалӣ расман панҷ рӯзи истироҳат муқаррар кардааст. Дар ин рӯзҳо тамоми коргоҳҳои кишвар дари худро хоҳанд баст.
Мақомоти шаҳрдорӣ мегӯянд, маъракаҳои наврӯзӣ рӯзи 17-уми март бо дав оғоз ёфта, шаби 20-уми март бо оташбозӣ ва рӯзҳои 20, 21 ва 22–юми март бо ташкили намоишҳои расму ойини наврӯзӣ ва барномаҳои консертӣ дар гӯшаҳои пойтахт давом меёбанд.
Ба қавли мақомоти ҳукумати шаҳри Душанбе, рӯзи 23-юми март дар варзишгоҳи марказӣ мусобиқаи гӯштии миллӣ ва рӯзи 27-ум пойгаи равонии сатҳи байналмилалӣ дар "Наврӯзгоҳ" дар назар аст.
Бо дар назар гирифтани сардии ҳаво ва эҳтимоли боридани барфу борон дар рӯзҳои 21 ва 22-юми март, ҷашни асосии Наврӯзи байнулмилалӣ бо иштироки меҳмонони хориҷӣ дар рӯзи 25-уми март дар "Наврӯзгоҳ" баргузор хоҳад шуд.
Шаҳрдорӣ мегӯяд, вуруд ба "Наврӯзгоҳ" танҳо бо даъватнома имконпазир хоҳад буд. Ин тадбир ба хотири амнияти раҳбарони баъзе аз кившарҳо андешида шудааст, ки дар ин ҷашн иштирок хоҳанд кард.
Соли гузашта Эрон мизбони Наврӯзи байнулмилалӣ буд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар он иштирок карда буд.