Додгоҳи олии Тоҷикистон парвандаи марги мармузи Сафаралӣ Санговро ҷиҳати тафтиши иловагӣ ба додгоҳи шаҳрӣ баргардонидааст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ҷараёни муҳокимаи ин парванда «ҳолатҳои нав» пайдо шудааст ва бар асоси Кодекси мурофиавии ҷиноии кишвар, дар ин ҳолат муҳокимаи такрорӣ дар зинаи қаблии додгоҳ сурат хоҳад гирифт.
Гулчеҳра Холматова, вакили дифои ин парванда аз Бюрои ҳуқуқи башари Тоҷикистон гуфт, умедвор аст ин навбат дар додгоҳи шаҳрӣ муҳокимаи одилона баргузор ва ҳақ ба ҳақдор бирасад.
Сафаралӣ Сангов, сокини шаҳри Душанбе, дар аввали марти соли гузашта аз сӯи ходимони умури дохилаи ноҳияи Сино боздошт шуда, баъди 4 рӯз бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар бемористон даргузашт.
Бозрасии муқаддамотии қазияи марги Сангов тавассути додситонии шаҳри Душанбе анҷом шуда буд. Натиҷаи таҳқиқ ин аст, ки "гӯиё Сафаралӣ Сангов аз хунукназарии кормандони пулис истифода намуда, худро сарозер афкандааст."
Аммо додгоҳи ноҳияи Сино, ки муҳокимаи зинаи аввали парвандаи марги Сангов ба поён бурд ба хулосаи кори тафтишот розӣ нашуда буд. Масъулини ин додгоҳ гуфта буданд, ки "Сафаралӣ Сангов аз бемасъулиятӣ ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматии кормандони пулис ба марг расидааст.»