Ҳолатҳои шикастан ва ғорат кардани терминалҳои пардохти маблағҳои телефонҳои мобилӣ ва хадамоти коммуналӣ афзоиш ёфтааст.
Мирзо Раҳимов, корманди ширкати "Пардохт ТҶ", яке аз ширкатҳои маъруфи насбкунандаи терминалҳо барои пардохти маблағи телефонҳои мобил ва хадамоти коммуналӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳолатҳои шикастан ва ғорат кардани терминалҳо рӯ ба афзоиш аст. Ин аст, ки ширкат кӯшиш мекунад, назорат бар дастгоҳҳои пулсупориии худро бештар ва бахши бузурги терминалҳоро дар дохили биноҳои амн насб кунад.
Ӯ гуфт, "дастгоҳҳои мо бештар дар дохили мағозаву биноҳое насб мешаванд, ки он бино бо дурбин ё камераҳои назоратӣ таъмин бошанд. Худи терминалҳои мо ҳам чунин дурбинҳо доранд ва шабонарӯзӣ, мо дида метавонем, ки кадом терминал чӣ гуна кор мекунад ва дар кадом ҳолат аст. Вале ба ҳар ҳол мешаванд ҳолатҳое, ки муштариён терминалҳоро зада мешикананд."
Чанде пеш дар ҷануби Душанбе, дар маҳаллаи 46-ум, як чунин терминал, ки дар байни манзилҳои истиқоматӣ насб шуда буд ва сокинони атроф ҳамеша барои супурдани маблағи телефонҳои худ аз он истифода мекарданд, аз сӯи як гурӯҳи ношинос шикаставу маблағи дохилаш рабуда шудааст.
Эҳсон, тоҷири мағозае, дар ин маҳалла ва нафаре, ки масъулияти назорати терминалро бар дӯш дошт, мегӯяд, ин ҳодиса шабҳангом рух дод ва саҳар ӯ дари оҳанини дастгоҳи пардохти маблағро кушода ва дохилашро холӣ пайдо кардааст.
"Дари оҳанин дорад ин терминал, онро зада шикастаанд. Сейфи дохили онро ҳам шикаста пулҳоро дуздидаанд. Боз баъд аз як рӯзи ин ҳодиса терминали як мағозаи дигари ин маҳалла ва аз бонкро ҳам дузд зад",-- илова кард ӯ.
Аммо масъулони Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, онҳо дар ин бора иттилоъ надоранд ва аслан мавридҳои дуздии терминалҳо сабт нашудааст. Зеро ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, ба онҳо дар ин иртибот шикояте нарасидааст.
Бо ин ҳол, гуфта мешавад, дуздии терминалҳо дар кишварҳои дур аз Тоҷикистон, махсусан дар Русия хеле роиҷ аст, аммо ба фарқ аз Тоҷикистон дар он кишварҳо бештар дастгоҳҳои пардохти маблағ тариқи барномаҳои махсус ва ноаён аз сӯи дуздони интернетӣ ғорат мешаванд.
Дар Тоҷикистон, ки ин навъи хизматрасонӣ то ҷое навтар аст, терминалҳо аксаран аз сӯйи дуздон шикаста мешавад ва ё аслан аз нуқтаи насбшудааш "ғайб" мезанад ва бо ин ба ширкатҳои насбкунандаи терминалҳо хисороти зиёде ворид мешавад.
Ҳоло фақат ширкати "Пардохт ТҶ" беш аз 400 дастгоҳи пулгузарониро дар гӯшаҳои мухталифи Душанбе насб кардааст. Терминал ё дастгоҳҳои пардохти маблағ дар кӯчаву хиёбон, хулоса дар ҳар гӯшаву канори Душанбе аз 3-4 соли қабл пайдо шуд ва дар чанд соли ахир сокинони манотиқи дигари кишвар низ аз ин хизматрасонӣ баҳравар шудаанд.
Абдулло, як ҷавони тоҷик, мегӯяд, қаблан барои пардохти маблағ маҷбур буд, соатҳоро дар идораву бахшҳои ширкатхои мухобиротӣ сарф кунад. Аммо ҳоло бо истифода аз дастгоҳҳои сарироҳӣ метавонад телефонашро зуд фаъол намояд: "Вақти зиёд сарф мешуд, то телефонатро фаъол кунӣ. Ҳоло тариқи ин терминалҳо мо метавонем ҳатто бо 1 ё 2 сомон ҳам мобиламонро ба кор дарорем ва дар як фурсати хеле зуд..."
Дар баробари пардохти маблағи телефони мобилӣ, шаҳрвандон ҳамчунин метавонанд маблағи истифода аз барқу газ ва андозу қарзҳои бонкиро ҳам аз ҳамин дастгоҳ пардохт кунанд. Вале ба гуфтаи масъулони ширкатҳои насбкунандаи терминалҳо, ҳоло дастгоҳҳо дар бисёр маврид барои пардохти маблағи телефонҳои мобил истифода мешаванд ва муштариҳои онҳо низ бештар ҷавонҳо будаанд. Насли бузургтар дар пардохти пули газу барқу хадамоти дигар ҳамчунин ба кассаҳои амонатӣ ва почта эътимод доранд.
Аз сӯи дигар гуфта мешавад, ки худи сохторҳои таъминкунандаи барқу гази кишвар барои кор дар ин система ва қабули маблағҳо аз ин роҳ чандон омода нестанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки кормандони ширкатҳои насбкунандаи терминал мегӯянд, ҳоло бояд ҳама пардохтҳои хадамоти шаҳрӣ ё коммуналӣ аз тариқи терминалҳо сурат бигиранд ва мардум ҳарчӣ зудтар бо ин дастгоҳҳои ошноӣ пайдо кунанд.
Зеро ба гуфтаи онҳо, ин шеваи кор ҳам ба манфиати муштариён ва ҳам ба нафъи масъулони хадамоти коммуналӣ ва ширкатҳои газу барқ хоҳад буд, ки ҳоло барои ҷамъоварии пул аз субҳ то шом дар ба дари мардум мегарданд.