Наврӯз дар Душанбе 10 рӯз таҷлил мешавад

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, аз 17 то 27-уми март чорабиниҳои наврӯзӣ дар пойтахт идома мекунанд.
Шаҳрдории Душанбе барномаи таҷлил аз Наврӯзи байнулмилалиро таҳия кардааст, ки бар асоси он имсол чорабиниҳои наврӯзӣ дар пойтахти кишвар то 10 рӯз идома хоҳанд кард. Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки сокинони манотиқи Тоҷикистон соли гузашта ҷашни Наврӯзи байнулмилалиро чаҳор рӯз таҷлил карда буданд.

Давлати Тоҷикистон низ имсол барои таҷлил аз Наврӯзи байнулмилалӣ расман панҷ рӯзи истироҳат муқаррар кардааст. Дар ин рӯзҳо тамоми коргоҳҳои кишвар дари худро хоҳанд баст.

Мақомоти шаҳрдорӣ мегӯянд, маъракаҳои наврӯзӣ рӯзи 17-уми март бо дав оғоз ёфта, шаби 20-уми март бо оташбозӣ ва рӯзҳои 20, 21 ва 22–юми март бо ташкили намоишҳои расму ойини наврӯзӣ ва барномаҳои консертӣ дар гӯшаҳои пойтахт давом меёбанд.

Ба қавли мақомоти ҳукумати шаҳри Душанбе, рӯзи 23-юми март дар варзишгоҳи марказӣ мусобиқаи гӯштии миллӣ ва рӯзи 27-ум пойгаи равонии сатҳи байналмилалӣ дар "Наврӯзгоҳ" дар назар аст.

Душанбе мизбони имсолаи ҷашни Наврӯзи байнулмилалист, ки интизор меравад дар он раҳбарони Афғонистон, Эрон ва Покистон низ иштирок дошта бошанд. Бо дар назар гирифтани сардии ҳаво ва эҳтимоли боридани барфу борон дар рӯзҳои 21 ва 22-юми март, ҷашни асосии Наврӯзи байнулмилалӣ бо иштироки меҳмонони хориҷӣ дар рӯзи 25-уми март дар "Наврӯзгоҳ" баргузор хоҳад шуд. Шаҳрдорӣ мегӯяд, вуруд ба "Наврӯзгоҳ" танҳо бо даъватнома имконпазир хоҳад буд. Ин тадбир ба хотири амнияти раҳбарони баъзе аз кившарҳо андешида шудааст, ки дар ин ҷашн иштирок хоҳанд кард.

Соли гузашта Эрон мизбони Наврӯзи байнулмилалӣ буд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар он иштирок карда буд.