Шаҳрдори Фалчано дел Массико, шаҳраке дар ҷануби Итолиё, мурдани сокинонашро муваққатан манъ кардааст.
Раиси шаҳр Ҷулио Чезаре Фава гуфтааст, ҳадаф аз ин амри ғайриоддӣ ҷалби таваҷҷӯҳ ба мушкилоти рустояш буд, ки 50 сол боз қабристон надорад. Сокинони фавтидаи ин русторо ин ҳама муддат дар оромгоҳи рустои ҳамҷавори Каринола дафн мекарданд.
Баъди ба рустои алоҳида табдил ёфтани Фалчиано дел Мессико дар соли 1964 қарор шуда буд, ки барояш қабристони алоҳида бисозанд, вале ин кор дар тӯли 48 сол иҷро нашуд.
Дар қарори шаҳрдор Ҷулио Чезаре Фава аз 5 март омадааст, ки сокинони русто ва ҳамин тавр, меҳмонони онҳо, ҳаққи тарки маҳдудаи ҳаёт дар ин дунё ва рафтан ба он дунёро надоранд. Фалчиано дел Массико бо 3700 нафар ҷамъияташ, ба ин тартиб, нахустин гӯшаи дунёст, ки Азроилро таҳти таҳрим қарор медиҳад.
Аммо аз 5 март ба ин сӯ ду сокини кӯҳансоли ин русто, ки бародарон будаанд, аз иҷрои фармони шаҳрдор сар печида, вафот кардаанд. Чезаре Фава бо ин вуҷуд аз боқӣ сокинони русто хостааст, ба теғи аҷал гардан надиҳанд ва то сохта шудани оромгоҳи нав тоқат кунанд.