Мудири Академияи шабакавии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба пурсиши хонандагони “Озодӣ” посух гуфт.
Ин суолу ҷавоб бештар дар атрофи Интернет, нархи истифода аз он, торнамоҳои тоҷикӣ, ҳукумати электронӣ, блогҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла "Фейсбук" чархидаанд.
Асомуддин Атоев дар бораи ин ки кай тамоми аҳолии Тоҷикистон дастрасии комил ба Интернетро хоҳанд дошт, низ посух дода ва афзудааст, "масъалаи дастрасӣ ба Интернет дар саросари кишвар масъалаест ҳалшаванда. Барои мисол, ҳоло зиёда аз 90% масоҳати аҳолинишини кишвар бо алоқаи мобилӣ (сотӣ) фаро гирифта шудааст. Пӯшида нест, ки шабакаҳои алоқаи мазкур имконияти дастрасӣ ба хадамоти интернетиро низ таъмин намуда метавонанд."
Ин суолу ҷавоб бо Асомуддин Атоев дар рӯзҳое ҷараён дошт, ки ширкатҳои ироакунандаи интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаи "Фейсбук"-ро маҳдуд карда буданд. Ӯ гуфтааст, "сайтбандон роҳи ҳалли мушкилӣ нест. Амали пешгирифта тасдиқ намуд, ки маъруфияти Фейсбук ва дигар сайтҳои басташуда боло рафту боло меравад."
Мудири Академияи шабакавии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар робита ба ҳукумати электронӣ ҳам сӯҳбат карда, дар бораи бартариҳо ва ҷонибдорону мухолифони ин тарҳ андешаашро баён доштааст: "Ҳукумати электронӣ, ки чанде аз бартариҳояш аз байн бурдани миёнаравҳо (disintermediation), дастрасии мунтазам ба хизматҳои давлатӣ, азнавсозии муносибатҳо мебошанд, мухолифон ҳам аз ҷумлаи кормандони давлатӣ ва ҳам аз ҷумлаи шаҳрвандон дошта метавонад. На танҳо аз барои заиф гаштани мақому нуфузи шахсӣ ва гум кардани робитаҳо, балки аз тарси аз даст додани донишу малакаи дошта ва омӯхтани навовариҳо."
Асомуддин Атоев магистри илми компютерӣ ва магистри илм оид ба ТИК ё Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушд буда, дар ин бахш аз соли 1993 ба ин сӯ фаъолият дорад.
Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи Манчестер (Бритониё) ва коршиноси байналмилалӣ оид ба технологияҳои иттилотӣ ва коммуникатсионӣ барои рушд мебошад.
Посухҳои Асомуддин Атоев ба саволҳои хонандагонро дар ин ҷо бихонед

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад