Лимити барқ дари Душанберо ҳам мекӯбад?

Бинои ширкати "Барқи тоҷик" дар шаҳри Душанбе

Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, дар шаҳри Душанбе ҳам эҳтимоли ҷорӣ кардани маҳдудияти барқ вуҷуд дорад.
Ширкати "Барқи тоҷик" инро ба "нобаҳангом паст шудани ҳарорати ҳаво ва кам гаштани ҳаҷми об дар маҷрои дарёи Вахш" рабт медиҳад.

Ин ширкат дар баёнияи худ мегӯяд, "бо назардошти вазъи ба амаломада ва дар сурати идома ёфтани хунукӣ (сардӣ) лозим меояд, ки дар тамоми кишвар реҷаи махсуси таъминоти нерӯи барқ ҷорӣ карда шавад."

"Барқи тоҷик" дар изҳороти худ гуфтааст, ҳарчанд ин тасмим аксари сокинонро дилгиру асабӣ мекунад, вале ширкат дар ҳалли он чораи дигаре надорад. "Маҳдудияти нерӯи барқ ногуворӣ ва душвориҳои зиёд меорад, бисёриҳоро асабиву дилгир мекунад, вале афсӯс алҳол фақат ҳамин қадар имконияту шароит дорем",-омадааст дар баёнияи "Барқи тоҷик".

Реҷаи барқрасонӣ дар манотиқи кишвар аз даҳ рӯз ба ин сӯ шадидтар шудааст. Дар ҳоли ҳозир барқе, ки ба манотиқи Тоҷикистон дода мешавад, 20 дарсад нисбат ба аввали моҳи март камтар мебошад. Таври маълум Тоҷикистон дар мавсими гармо бештар аз ниёзи дохилӣ нерӯи барқи обӣ тавлид мекунад, вале дар мавсими сармо ва тақрибан ним сол ба нерӯи барқи изофӣ мӯҳтоҷ мешавад.

Маҳдудияти шадиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, сар аз моҳи апрел нархи нерӯи барқ барои аҳолӣ бист дарсад боло рафта, ба 11 дирам хоҳад расид. Минбаъд сокинони кишвар ба ҷойи 9 дирам барои як киловат соат 11 дирам пардохт хоҳанд кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки маоши моҳонаи атбои ин кишвар пойинтар аз сад доллари амрикоиро ташкил медиҳад.