Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати AFC (Конфедеросиюни футболи Осиё)-2012 дар Непал аз тими миллии Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.
Ин бозии даври дувуми гурӯҳи “B” дар варзишгоҳи “Ҳалчоук”-и шаҳри Катманду барпо гардид. Пак Нам Чол дар дақиқаи панҷум ҳисобро боз кард. Голи дувумро Янг Кук Чол дар дақиқаи 86-ум ба самар расонд.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ тими миллии Филиппин дастаи мунтахаби Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ҳарду голро Филип Янгҳусбанд дар дақиқаҳои 11-ум ва 73-юми дидор ба ҳадаф расонд.
Ба ин тартиб, дастаи Кореяи Шимолӣ, ки дар гурӯҳи “В” бо шаш имтиёз пешсаф аст, сарфи назар аз бозии охиринаш бо тими Ҳиндустон (13-уми март) ба нимфинал баромад.
Тимҳои Тоҷикистону Филиппин сеимтиёзӣ доранд. Тақдири роҳхати дувум ба даври ниманиҳоӣ дар бозии охирини Тоҷикистону Филиппин рӯзи 13-уми март ҳал хоҳад шуд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Ҳалчоук” соати 14.15 ба вақти Душанбе оғоз меёбад. Дар мавриди бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфтани замони асосӣ ғолибро силсилаи зарбаҳои 11-метра муайян хоҳад кард. Вале дастаи Ҳиндустон, ки бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад, аз идомаи мубориза маҳрум гашт.
Имрӯз, 12-уми март, бозиҳои охирини гурӯҳи "А" баргузор шуданд. Туркманистон бар Непал бо ҳисоби 3:0 ва Фаластин бар Молдив бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд.
Дар ин гурӯҳ пас аз натиҷагирии се даври мусобиқа дастаҳои мунтахаби Туркманистон ва Фаластин бо ҳафтимтиёзӣ пешсаф шуданд ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд. Тими Молдив се имтиёз гирифт. Вале дастаи мизбон - Непал бидуни имтиёз дар зинаи охирин қарор дорад. Дастаҳои Молдив ва Непал аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуданд.
Камол Алиспоҳич, сармураббии тими милии Тоҷикистон, пас аз анҷоми бозӣ бо тими Кореяи Шимолӣ ба хабарнигрон гуфт, “ин бозӣ барои мо хеле вазнин буд. Мунтахаби Кореяи Шимолӣ дастаи пурқуввату хуб аст. Рақиби мо бартарии ҳудудӣ дошт, кореягиҳо хеле фаъол буданд ва пайваста ҳуҷум мекарданд. Мо ба дастае, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ нисбат ба мо зӯртар аст, бохтем. Футболбозони мо имкони голзанӣ доштанд, вале онҳо аз ин истифода карда натавонистанд. Ба мағлубият нигоҳ накарда, мо ба муқобили Кореяи Шимолӣ сазовор бозӣ кардем. Аз чунин бозиҳо мо бояд сабақ гирем. Барои он ки мо ба даври баъдӣ роҳ ёбем, бояд Филиппинро мағлуб кунем. Фикр намекунам, ки ин кор ҳалнашаванда аст. Мо кӯшиш мекунем, ки тамоми қувваамонро сафарбар намуда, муваффақ шавем. Дар воқеъ, дар рӯзи бозӣ бо Филиппин ман 47-сола мешавам. Ва аллакай ба бачаҳо гуфтам, ки ба ман галстук лозим нест. Беҳтарин тӯҳфа дар зодрӯзам ин ғалабаи дастаи мунтахаби мост.”
Юн Ҷонг Су, сармураббии тими миллии Кореяи Шимолӣ, аз пирӯзии дастааш бар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда гуфт, “чунин меҳисобам, ки мо хеле хуб бозӣ кардем. Аз аввал ба ҳуҷум гузаштем ва ғалабаи муҳим ба даст овардем. Мо медонистем, ки бозӣ муқобили мунтахаби Тоҷикистон моҳияти ҳалкунанда дорад ва дар мавриди пирӯзӣ мо ба плей-офф ё даври ниманиҳоӣ мебароем. Мо се имтиёз ба даст овардем ва ин маънои онро дорад, ки бозигарон кори худро хеле хуб иҷро карданд.”