Дидори Асад ва Аннон. Тавофуқи русӣ-арабӣ дар бораи Сурия

Башор Асад аз омодагии худ барои ҳамкорӣ бо ҳаргуна «талошҳои содиқона» барои ҳали бӯҳрон дар Сурия хабар дод.
Раиси ҷумҳури Сурия ин матлабро рӯзи шанбе пас аз гуфтугӯ бо фиристодаи вижаи СММ ва Иттиҳодияи Араб Куфӣ Аннон баён дошт.

Башор Асад ҳамчунон гуфтааст, муколамаи сиёсӣ комёб намешавад, “агар гурӯҳҳои террористӣ амал кунанд ва тухми беназмиву бесуботӣ бикоранд.”

Хабаргузории давлатии Сурия гузориш додааст, ки Куфӣ Аннон дар дидор бо Башор Асад дидгоҳи худро дар бораи бӯҳрони Сурия ироа намуда ва таъкид кардааст, ки ба талоши мустақил ва бетараф барои ҳали бӯҳрон ба таври сулҳомез пойбанд аст. Бино бар ин гузориш, Аннон бо ҳар гуна дахолати хориҷӣ дар қазияи Сурия мухолифат кардааст.

Бино бар охирин гузоришҳои СММ, аз оғози бӯҳрони Сурия ки ба яксолагии худ наздик мешавад, то кунун беш аз 7500 ғайринизомӣ ҷони худро аз даст додаанд. Пештар мухолифони Сурия гуфтугӯ бо низоми Башор Асадро дар соя саркӯбҳои низомии эътирозҳо, рад карда буданд.

ТАВОФУҚИ РУСӢ-АРАБӢ

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва Ҳамд бин Ҷосим, вазири умури хориҷии Қатар рӯзи шанбеи 10-уми март дар нишасти хабарии муштараке дар Қоҳира, пойтахти Миср, аз тавофуқи панҷмодаии кишварҳои арабӣ ва Русия барои поён додан ба хушунатҳо дар Сурия “аз сӯи ҳама тарафҳои даргир” хабар доданд.

Лавров барои гуфтугӯ бо вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб ва тавофуқ барои пайдо кардани роҳи ҳали бӯҳрони Сурия, шоми ҷумъа ба Қоҳира рафта буд.

Ҳамд бин Ҷосим дар ин нишасти хабарӣ гуфт: “Пас аз ин дидор, ки ошкоро буд ва масъалаҳои асосӣ баҳс шуд, бар сари панҷ банд барои роҳи ҳалли бӯҳрони Сурия тавофуқ шуд. Ин бандҳо иборатанд аз: қатъи хушунат аз сӯи ҳама тарафҳои даргир, ёфтани роҳҳо барои назорати бетарафона, ради дахолати хориҷӣ, расонидани кӯмакҳои инсонӣ ба ҳама суриягиҳо бидуни эҷоди монеа ва пуштибонӣ аз маъмурияти Куфӣ Аннон барои фароҳам кардани заминаи гуфтугӯ миёни давлат ва мухолифони Сурия бар пояи қарорҳои СММ ва Иттиҳодияи Араб.”

Пеш аз он Лавров дар нишасти муштараки худ бо вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб гуфта буд, фурсате барои қабули қатъномае дар хусуси Сурия дар Шӯрои Амният вуҷуд дорад.

Русия ва Чин пештар ду қатъномаи Шӯрои Амният дар маҳкумияти хушунатҳои ҳукумати Сурия дар саркӯби эътирозгаронро вето карда буданд.

Оқои Лавров дар ин нишаст изҳор дошт: “Дар сурате, ки иродае барои пуштибонӣ аз мухолифони мусаллаҳ набошад ва ҳадаф қатъи даргириҳо дар шаҳрҳо ва деҳаҳо бошад, тамоми пешниҳодҳо матраҳ хоҳад буд ва хушбинӣ барои мувофиқат бо он вуҷуд хоҳад дошт.”

Бо идомаи бӯҳрон дар Сурия, раванди ҷудо шудани афсарон аз артиши ин кишвар оғоз шудааст. Ҷудошудагон гурӯҳе бо номи “Артиши озоди Сурия”-ро ташкил карда ва вазифаи худро ҳимоят аз тазоҳуроти сулҳомез унвон карданд. "Артиши озоди Сурия" ҳоло дар чанд ҷабҳа бо нерӯҳои давлатӣ даргир аст.