"Русияи бидуни Путин" -- талаби асосии мухолифон

Раҳпаймоии навбатии мухолифон дар майдони "Новий Арбат"-и Маскав то 30 000 нафарро гирди ҳам овард.
Мухолифон дар ин тазоҳурот бори дигар дар бораи тахаллуфоти фаровон дар интихоботи 4-уми марти раёсати ҷумҳурии Русия, ки Владимир Путинро ба даври севуми раёсат расонд, ҳарф зада, талаби баргузории интихоботи навро пеш гузоштанд.

Раҳбари мухолифин Владимир Рижков дар тазоҳуроти Новий Арбат интихоботи ахирро “ғайриқонунӣ” номид ва гуфт, “мо ҳамчунон ислоҳоти амиқи сиёсӣ ва интихоботи навро талаб хоҳем кард.”

Григорий Мелконянтс аз гурӯҳи “Голос” гуфт, барои таҳқиқи тахаллуфоти интихоботӣ як гурӯҳи ҳуқуқдонҳо ташкил шудааст. Талаби дигар дар ин тазоҳурот раҳоии маҳбусони сиёсӣ ва қатъи таъқиби афрод бо далоили сиёсӣ буд.

Аммо талаби асосии издиҳом боз ҳам Русияи бидуни Путин буд. Алексей Нестеренко дар ин раҳпаймоӣ гуфт: "Путин Қонуни асосиро поймол кард ва ба даври севум рафт. Вале дар кишвари мо касе – на додгоҳи олӣ ва на додгоҳи Қонуни асосӣ – ба ӯ гуфта наметавонад, ки ин ҳаққро надорад.”

Дар ин рӯз ҳузури пулис дар Новий Арбат ва кӯчаву хиёбонҳои атрофи он тақвият ёфта буд ва пулис аз қабл хабар дода буд, ки барои таъмини тартибот то 2 500 нафарро басиҷ мекунад. Бо ин ҳол, раҳпаймоии рӯзи 10 март низ силсилаи боздоштҳои навро ба дунбол доштааст. Раҳбари Ҷабҳаи чап Сергей Удалтсовро, ки баъди эътирози рӯзи 5-уми март низ дастгир шуда буд, ин бор ҳамроҳ бо ҷамъе аз тарафдоронаш дар роҳ ба сӯи гулгашти Тверской боздошт карданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мухолифат ба натиҷаҳои интихоботи Русия



Пулиси Маскав ҳамчунин аз боздошти 25 қавмгаро дар майдони назди вокзали Киев ва пешгирӣ шудани талоши гурӯҳҳои қавмгаро барои баргузории тазоҳурот дар Старий Арбат хабар дод. Раҳбари Ҷунбиши “Русские” Дмитрий Демушкин шумори қавмгароҳои дастгиршуда дар вокзали Киев ва Старий Арбатро то 50 нафар баршумурд.

Хабарҳои расида аз Русия ҳамчунин ҳокии боздошти даҳҳо нафар аз аҳли як тазоҳуроти бидуни иҷозат дар шаҳри Нижний Новгород ва то 40 эътирозгари дигар дар Санкт-Петербург аст, ки мехостанд, дар майдони Восстание гирди ҳам биоянд. Ҳарду тазоҳурот таҳти шиорҳои “Барои интихоботи мунсифона” ва “Раҳоии маҳбусони сиёсӣ” даъват шуда буд.

Путин дар интихоботи 4-уми март бо касби 63 дарсади оро ғолиб омад, вале нозирони хориҷӣ гуфтанд, ки натиҷаҳои интихобот ба таври ошкор ба фоидаи сарвазири феълии Русия тахаллуф шуда буд.