Амирҷон Сабурӣ. Қиссаи пуршӯри "рафту баргашт"

Амирҷон Сабурӣ, сарояндаи маҳбуби афғон имрӯзҳо дар Душанбе ба сар мебарад ва рӯзи шанбе нахустин барномаи консертии худро доир хоҳад кард.
Шояд кам касон медонанд, ки бисёре аз таронаҳои машҳури овозхонони ҷавони тоҷик Шабнами Сурайё, Нигора Холова ва дигаронро оҳангсоз ва сарояндаи саршиноси афғонистонӣ Амирҷон Сабурӣ офаридааст. Инро онҳое медонанд, ки иҷрои нахусти таронаҳои машҳурро бо садои худи Сабурӣ шунидаанд. Мухлисони созу овоз ӯро ҳамчун сарояндаи чакомаи "Рафтану бознагаштан" мешиносанд, ки ба сарнавишти худаш рабт мегирад.

Вай аз Афғонистон рафт, аммо пас аз солҳо ба он ҷо бозгашт. Дар сӯҳбати мо рӯшан шуд, ки сафараш ба Тоҷикистон низ яке аз рафтанҳову бозгаштанҳо будааст.

Амирҷон Сабурӣ: Сафари дувуми ман ба Тоҷикистон аст. Сафари аввал 25 сол қабл ба ватани шумо сурат гирифта буд. Акнун Душанбеи ҳозира аз он Душанбеи 25 сол пеш дидаам ба кулли фарқ дорад. Он вақт Фестивали ҷавонон буд ва ба ҳайси роҳбари оркестри «Гули сурх» бо гурӯҳ омада будем. Ҳайати мо калон буд, устод Ваҳид Собирӣ ҳам бо мо буд.

Озодӣ: Шуморо насли калонсол дар Тоҷикистон мешиносад, аммо сурудҳои Шуморо сарояндҳои ҷавони тоҷик бештар мехонанд, хабар доред?

Амирҷон Сабурӣ: Бале, аз дуру наздик шунидаем, ки сурудҳои моро сарояндаҳои ҷавони Шумо мехонанд. Оҳангҳои мо, ки бо эстрада наздик ҳастанд ва ҷавонҳои Шумо ҳам ки бо ин завқ доранд, дигар иҷро мекунанд. Аммо, аз сарояндаҳои ҷавон Садриддин Наҷмиддин, Валиҷон, Шабнами Сурайё, Моҳираро мешиносам ва бо чанд нафар аз наздик дар иртибот ҳастам.

Озодӣ: Хуб, зиндагӣ дар Конодо, аммо муқими Узбакистон шояд ба хотири фаъолиятҳои эҷодӣ аст?

Амирҷон Сабурӣ: Тақрибан зиндагӣ дар Конода аст . Вале бахши фаъолиятҳои ҳунарӣ дар Узбакистон сурат мегирад. Бо Афғонистон ҳам омаду рафт дорем. Онҷо дӯстон ва пайвандон ҳастанд.

Озодӣ: Бо оҳангсозонон ва шоирони афғон робита доред?

Амирҷон Сабурӣ: Бале, ҳамкориҳо бо шоирон ва оҳангсозони афғон дорем. Тақрибан дар иртибот ҳастем. Аммо корҳои эҷодӣ дар Узбакистон аст. Марказҳои сабти овозу суруд, клип дорем.

Озодӣ: Оё бо бо сарояндаи маъруф Фарҳоди Дарё робита доред?

Амирҷон Сабурӣ: Шумо медонед, ки мо бар асари нооромии кишвар ҳар кадом аз ҳам ҷудо шудем ва дар ҳар як гӯшаи дунё паноҳ бурдем. Аммо, робитаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ аст. Корҳои эҷодии ману Фарҳоди Дарё як вақт шурӯъ шудааст.

Озодӣ: Дуруст аст ки як мӯддати тӯлон аз ватан дур будед?

Амирҷон Сабурӣ: Дуруст, вақте аз ватан баромадам баъди 33 сол баргаштам. Инак, аз он баргашт 5 сол сипарӣ мешавад ва ҳар сол як маротиб мераваму бармегардам. Ба Афғонистон баъди 33 сол рафтам ва инак панҷ сол аст, ки ҳар сол меравам бармегардам.

Озодӣ: Ҳоло бо чӣ барномае ба Душанбе омадед?

Амирҷон Сабурӣ: Барномаи мо дарДушанбе-телевизионӣ аст. Дар ҳошияи ҷашни байналмилалии Наврӯз, телевизиони «Сафина» дар ҳамкорӣ бо телевизиони «Орзу»-и Афғонистон моро даъват кард. Агар, ки шеърҳои мо нав нест, вале дидори мо нав аст. Яъне:

Ба ёди ёри нав имшаб шароби кӯҳна задем.
Суруди тоза ба тори рубоби кӯҳна задем.


Озодӣ: Аз ин ки сурудҳои Шуморо сарояндаҳои ҷавон нусхабардорӣ мекунанд, даъво надоред?

Амирҷон Сабурӣ: Даъво надорам. Ҳатто ифтихор мекунам, аз ки бо каломи мо як нафар ба шӯҳрат ё пораи нон мерасад. Бигузор, ки тоҷикон ҳамдилу ҳаммаслак, ҳамзамони мо ҳастанд, бихонанд. Ҳоло шинохти ман дар Тоҷикистон аз тариқи сарояндаҳои ҷавони тоҷик аст. Сурудҳои маро хонданд ва маро шинос карданд.
«Қафасҳои тилоӣ» шомили 10 оҳанг аз албоми ҷадиди банда аст. Як муддат аст, ки сари шеър, оҳанг ва мӯҳтавои онҳо бештар кор мекунам. Ҳоло дар Афғонистон ҳам ду навъи сарояндаҳо ҳастанд. Баъзе сарояндаҳо ба хотири он овозхонӣ мекунанд, ки шуғли дигар надоранд ва аз ин роҳи нони худро меёбанд. Иддаи дигар ба хотири рушди фарҳангу ҳунар, мусиқии асили миллат ва сарнавишти ватан кор мекунад. Ҳарҷое бошанд, миллат ватан дар дили онҳо аст. Ҳатто ин дурӣ ва ҳиҷрат болои фаъолиятҳои эҷодии онҳо, суруду таронаҳои ҷаззоб таъсири бештар ҳам мегузорад.

Озодӣ: Яъне, онҳо рӯ ба муҳити ором овардаанд ?

Амирҷон Сабурӣ: Бале, муҳити ҳиҷрат, дурӣ, … ёди ватан, ҳамаи ин таъсир мегузорад. Онҳо ба оромӣ мераванд. Дар хориҷ беҳтарин суруду оҳангҳоро эҷод кардем. Дар дохил ҳам пешравӣ дар кори эҷодӣ доштем, аммо чизе, ки дар ғарибӣ, ҳиҷрат эҷод мешавад, таъсираш дигар аст. Дар хориҷ ҳам бошанд, эҳсоси олӣ доранд дар нисбати ватан, миллат.