Кумитаи андоз: "Ҳамлаи ногаҳонӣ" не, санҷиши қонунӣ

Муҷтамаи рӯзнома ва маҷаллаҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

Корҳои назоратии мақомоти андоз оид ба риояи қонунгузории андоз «ҳамлаи ногаҳонӣ» шуда наметавонанд.
(Вокуниши Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маводи Радиои Озодӣ «Ҳамлаи ногаҳонӣ» ё тафтиши навбатии матбуот?» аз 1 марти соли 2012, муаллиф Фарҳоди Милод)

"Тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти андоз барои иҷрои назорати андоз нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ доир ба ҳисоби дуруст ва пардохти саривақтии андозҳо ва дигар ҷанбаъҳои андозбандӣ ва ҷамъоварии андозҳо масъулияти пурра ва истисноӣ доранд. Дар ҳамин асоси қонунӣ мақомоти андоз пайваста дар шаклҳое, ки қонунгузории андоз муқаррар намудааст, яъне санҷишҳои маҷмӯӣ, мавзӯӣ мутақобила, амалиётӣ, назорати камералӣ риояи қонунгузории андозро анҷом медиҳанд. Ва ин корҳои назоратӣ нисбат ба фаъолияти ҳамаи андозсупорандагон новобаста аз самти фаъолияти онҳо гузаронида мешавад.

Бинобар ҳамин, бисёр боиси тааҷҷуб аст, ки корҳои назоратии мақомоти андоз аз ҷониби Радиои Озодӣ як «ҳамлаи ногаҳонӣ» баҳогузорӣ шудааст. Мақомоти андоз ҳар сол дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ нисбати фаъолияти ҳазорҳо андозсупорандагон санҷишҳои андоз мегузаронанд ва аз ҷониби ин андозсупорандагон санҷишҳои андоз ҳамчун «ҳамлаи ногаҳонӣ» қабул карда намешавад.

Шояд нашрияҳо ва воситаҳои ахбори омма аз он хавотир бошанд, ки дар натиҷаи корҳои назоратӣ дар фаъолияти онҳо қонунвайронкуниҳои андоз ошкор мегардад? Бояд махсус таъкид намуд, ки тибқи қонунгузории андоз ва бо мақсадҳои андозбандӣ нашрияҳо ва воситаҳои ахбори омма субъектҳои хоҷагидорие мебошанд, ки фаъолияташон ба гирифтани фоида равона карда шудааст. Мақомоти андоз дар доираи ваколатҳои худ танҳо ҳамин ҷанбаи фаъолияти нашрияҳо ва воситаҳои ахбори оммаро месанҷад ва ба паҳлӯҳои фаъолияти эҷодии онҳо дахолат наменамояд, зеро ваколати анҷом додани ин амалро низ надорад.

Воқеан бо мақсади санҷиши ҳолати бақайдгирӣ ва андозбандии андозсупорандагоне, ки ба фаъолияти таблиғотӣ ва табъу нашр машғул мебошанд, дар асоси Фармони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, ба муддати се рӯз ба Нашриёти «Шарқи Озод», ҶДММ «Мега принт», чопхонаҳои «Интишор»-и ҶСШК «Чархи гардун» ва Муассисаи хусусии ҳафтаномаи ҳаҷвию фараҳангезии «Мушфиқӣ» сафарбар шуда буд.

Мавриди зикр аст, ки моҳи октябри соли 2010 ҳамин гуна санҷиш дар чопхонаҳои шаҳри Душанбе гузаронида шуда, дар рафти он муайян гардида буд, ки аз тарафи аксари рӯзномаву маҷаллаҳо талаботҳои моддаи 27-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр» ва моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» оиди дар ҳар як нусхаи маҳсулоти чопӣ нишон додани адади нашри он риоя карда намешавад. Барои ислоҳи ин камбудӣ Кумитаи андоз ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон расман муроҷиат намуда буд ва то андозае нишон додани шумораи нашр ба роҳ монда шуд.

Дар рафти санҷиши навбатӣ муайян гардид, ки аксари чопхонаҳо ва рӯзномаву маҷаллаҳо талаботи Кодекси андоз ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 2 июли соли 2008 таҳти № 310 “Қоидаҳои истифодаи мошинаҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ” оиди истифодаи ҳатмии мошинаҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ ҳангоми бо пули нақд фурӯхтани мол ва хизматрасониҳо риоя накарда истодаанд. Ҳол он ки, ки аксари рӯзномаву маҷаллаҳо қабули маблағи рекламаву эълонҳо ва фурӯши маводи чопиро дар чопхонаҳо ва идораи рӯзномаю маҷаллаҳо бо пули нақд анҷом медиҳанд. Аз ин лиҳоз, дар рафти санҷиши навбатӣ нисбати идораи 18 адад чопхона ва рӯзномаву маҷаллаҳо, аз он ҷумла, нисбати чопхонаҳои КВД “Шарқи Озод”, ҶДММ “Оила”, ҶДММ “Мега принт”, МХҲҲФ “Мушфиқӣ”, ҶДММ “Чархи гардун”, маҷаллаву рӯзномаҳои “С.С.С.Р”, “Азия плюс”, “Муҳаббат ва оила”, “Чеҳра”, “Вечерний Душанбе”, “Фараж”, Ташкилоти ҷамъиятии “Индем”, Агентии “Тоҷикнашр”, ҶДММ “ТРК Азия плюс”, инчунин соҳибкорони инфиродӣ Ҷалилов М.Ҳ., Мирзоева С. ва Ниёзов М., ки бевосита ба фурӯши рӯзномаву маҷаллаҳо машғул буданд, тибқи талаботи моддаҳои 614 ва 615 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳар қадоми онҳо ба андозаи аз 2 то 8 000 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Инчунин дар рафти санҷиш дар се идораи рӯзномаву маҷаллаҳо баъди татбиқи чораҳои маъмурӣ мошинаҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ насб карда, ба дигар андозсупорандагон дастур дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин мӯҳлат мошинаҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ насб намоянд. Ҳамзамон, дар рафти санҷиш нисбат ба як қатор чопхонаҳо ва воситаҳои ахбори омма қонунгузории андоз ошкор ва тибқи маълумоти пешакӣ ба андозаи зиёда аз 350 000 сомонӣ маблағи андозҳо барилова ҳисоб карда шуд. Бо назардошти камбудиҳои ҷойдошта мақомоти андоз тасмим гирифтааст, ки бо мақсади таъмини риояи талаботи қонунгузории андоз дар фаъолияти онҳо дар доираи салоҳияти худ нисбати идораи як қатор чопхона ва рӯзномаву маҷаллаҳо, ки мунтазам ба вайронкунии қонунгузории андоз роҳ дода истодаанд, дар асоси Кодекси андоз санҷиши андоз ва санҷиши такрории андоз гузаронад.

Мувофиқи талаботи қисми дуюми моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» рӯзномаю маҷаллаҳо, бюллетенҳо ва дигар нашрияҳои даврӣ, ки барои дар байни мардум интишор кардан пешбинӣ шудаанд ва дар се моҳ на камтар аз як мартаба нашр мешаванд, воситаҳои ахбори омма ба ҳисоб мераванд.

Тибқи муқаррароти моддаи 8-и Қонуни мазкур ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои оммавӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, иттиҳодияҳои кооперативӣ, динӣ ва дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандҳо, ки мувофиқи қонун барпо шудаанд, коллективҳои меҳнатӣ, ҳамчунин шахсони алоҳидае, ки синнашон ба 18 расидааст, ҳаққи таъсиси воситаҳои ахбори оммаро доранд. Аммо бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи моддаи 4-и Қонуни мазкур идораи воситаи ахбори омма бояд мақоми шахси ҳуқуқиро дошта, дар асоси оинномаи худ амал кунад ва мутобиқи талаботи моддаи 9-и Қонун идораи воситаи ахбори омма баъди ба қайди давлатӣ гирифта шудани воситаи ахбори оммаи дахлдор ба фаъолияти худ шурўъ намояд.

Тибқи муқаррароти Конуни номбурда воситаҳои ахбори омма, ки дар ҳудуди Тоҷикистон нашр мешаванду муассисонаш ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳои оммавӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, кооперативҳо, созмонҳои динӣ ва дигар иттиҳодияҳои гражданӣ, коллективҳои меҳнатӣ ё шаҳрвандони алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бояд танҳо баъди аз тарафи идораи давлатии нотариалии дахлдор ба қайд гирифта шуданашон ба фаъолият шурӯъ кунанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» таҳти №508 аз 19 майи соли 2009, ки 1 июли соли 2009 мавриди амал қарор дода шуд, мақомоти андоз ҳамчун мақомоти ваколатдори қайди давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ муайян гардид. Аз ин лиҳоз, тамоми воситаҳои ахбори ом тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» бояд бақайдгирии давлатии худро ба расмият дароранд.

Бояд қайд намуд, ки дар асоси маълумоти дастрасшуда то имрӯз талаботи қонунгузорӣ доир ба бақайдгирии давлатӣ аз тарафи 212 адад рӯзномаву маҷалла иҷро нашудааст, аз ҷумла нашрияҳои “Дайджест-Пресс”, “Вечерний Душанбе”, “Авиценна”, “Зан ва мард”, “Аладдин”, “Тоҷикистон”, “Крим-инфо”, “Рекламная газета”, “Аргументы и факты в Таджикистане”, “Мушфиқӣ”, “Фараж”, “Наҷот”, “Комсомольская правда в Таджикистане”, “С.С.С.Р”, “Нури зиндагӣ”, “Пайкон” ва дигарҳо.

Инчунин як қатор рӯзномаю маҷаллаҳои соҳавии вазорату идораҳо низ расмиёти бақайдгирии давлатиро иҷро накардаанд. Ҳол он ки мутобиқи талаботи қисми 4-и моддаи 35-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ” фаъолияти ин рӯзномаву маҷаллаҳо ғайриқонунӣ эътироф мегардад.

Ҳамаи ин воситаҳои ахбори омма шаҳодатномаи баҳисобгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд ва шояд бо ҳамин маҳдуд гашта, бақайдгирии давлатиро сарфи назар карда бошанд. Аммо чуноне, ки дар боло зикр шуд, тибқи қонунгузории ҷорӣ ҳамаи онҳо бояд ҳатман расмиёти бақайдгирии давлатиро иҷро намоянд. Бинобар ин, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такроран хотиррасон менамояд, ки рӯзномаву маҷаллаҳое, ки дар қайди давлатӣ нестанд, ба Бахшҳои бақайдгирии давлатии маҳалли фаъолияти худ барои ворид кардани маълумот ба Феҳристи ягонаи давлатӣ муроҷиат намуда, расмиёти пешбининамудаи қонунгузориро бо назардошти пардохти ҷаримаҳои пешбининамудаи қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро кунанд.

Дар акси ҳол, мақомоти андоз маҷбур аст, ки тибқи тартиби муқарраршуда барои қатъ намудани фаъолияти ин рӯзномаву маҷаллаҳо ба мақомоти судӣ муроҷиат намояд."

Хадамоти матбуоти
Кумитаи андози назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон