Мухлисон ва алоқамандони футбол дар Тоҷикистон аз сатҳи ташкили бозиҳо ва аз рафтори бархе аз ҳаводорони футбол нигарон ҳастанд.
Муҳсиддин Раҳмонов як мухлиси ҷавони тими футболи «Регар-Тадаз» мегӯяд, фарҳанги бархе аз мухлисони тимҳои футбол дар Тоҷикистон хеле паст аст: «Агар дар Тоҷикистон ҳам мисли кишварҳои хориҷа ягон ҳуҷҷате, ки рафтори мухлисони футболро танзим кунад қабул мешуд, хуб буд. Аммо дар мо чунин ҳуҷҷат қабул нашудааст ва чун мухлисон бетартибӣ мекунанд, кормандони милиса ба ғазаб меоянд, дашном мекунад, катакорӣ мекунанд баъзе мухлисонро.»
Дар ҳамин ҳол ҳафтаи гузашта мухлисоне, ки дар даст билет доштанд, ба бозии футбол миёни дастаҳои мунтахаби Кореяи шимолӣ ва Тоҷикистон дар варзишгоҳи «20 солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар Хуҷанд роҳ дода нашуданд, чун варзишгоҳ пур аз одам буд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, хабарнигори «Озодӣ» ки худ шоҳиди ин ҳодиса буд мегӯяд: «Садҳо нафар мухлисон, ки дар даст билет доштанд натавонистанд вориди майдон шуда бозиро тамошо кунанд. Бино ба мушоҳидаҳоям сабаби аслӣ он буд, ки милисаҳо ва шахсони мутасаддӣ шиносҳо ва наздикони худро ва ҳамчунин бар ивази пора вориди майдон карданд. Инчунин аз як ҷониби майдон як гурӯҳ мухлисон дарвозаро хароб карда вориди майдон шудан, ки дар натиҷа ба мухлисони чипта харидорӣ карда ҷой боқӣ намонд.»
Маъсум ҳамчунин афзуд, аксаран ҳамон мухлисоне, ки аз навоҳии дур барои тамошои бозӣ омада буданд ба майдон роҳ ёфта натавонистанд. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд тасмим гирифта шуд ба нафароне, ки бо вуҷуди билет доштан вориди майдон шуда натавонистанд пул бар гардонида шавад, вале чун аксарияти мухлисон аз роҳи дур ҳастанд бинобар ин пулҳои худро баргардонида натавонистанд.
Беназмиҳо, латукӯб ва харобкориҳо аз ҷониби мухлисони футбол вақтҳои охир тез- тез рух медиҳанд. Махсусан мухлисони дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб дар чанд бозӣ дар майдон бетартибиҳо карда чанд нафар футболбозони дастаи ҳариф ва доваронро мавриди латукуб қарор дода буданд.
Беназмиҳо дар варзишгоҳи Кӯлоб(навор аз бойгонӣ)
Нуралӣ Хоркашев, мутахассиси Шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федерасиюни футболи Тоҷикистон дар робита ба ин мавзӯъ гуфт: “Дар назди ҳар дастаи футбол бояд фанкулубҳо ташкил карда шаванд. Фанклубҳо бояд бо мухлисони даста кор кунанд. Шояд аксари мухлисон намедонанд, ки аз бетартибиҳои онҳо даста муҷозот мешавад ё ҷарима баста мешавад.”
Хоркашев афзуд, ки дар Федерасиюни футболи Тоҷикистон кумитаи интизомӣ амал мекунад, ки ҳар як беназмиҳоро дар алоҳидагӣ дида мебарояд. Вале агар мухлисон молу
ашёи майдонро хароб карда ба дигарон зарарӣ ҷисмонӣ расонанд, дар он ҳолат мувофиқи низомномаи баргузории мусобиқоти футбол дар Тоҷикистон мақомоти милиса ҳақ доранд, ки пеши роҳи ин бетартибиҳоро гиранд.
Бояд қайд кард, ки дастаҳои футболи Тоҷикистон фанклуб, нишона ва атрибутикаи хоси худро надоранд. Бинобар ин онҳоро месазад чунин фанклубҳоро созмон дода бо мухлисони худ бештар кор кунанд. Чуноне, ки дӯстдорони футбол мегӯянд, мухлис ин бозигари 12 аст дар футбол, вале ҳоло мухлисони бархе аз тимҳои футболи Тоҷикистон зимни бозиҳо беназмиҳоро ба вуҷуд оварда ба дастаи дӯстдоштаашон хидмати "хирсона" мекунанд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон низомнома ва ё регламенти рафтори мухлисони футбол қабул карда шудааст, ки мухлисон танҳо дар доираи он бояд рафтор кунанд. Ҳамчунин дар баъзе кишварҳо пулис рӯйхати сиёҳи фанатҳои бадахлоқро тартиб дода нисбати онҳо таҳримҳои гуногун ҷорӣ мекунад. Масалан пулиси Британия дар рӯйхати сиёҳи мухлисони футболи хеш 3 ҳазор нафарро дохил кардааст, ки ба онҳо иҷозати иштирок дар бозиҳои футбол дар хориҷи кишварро намедиҳад.
Дар ҳамин ҳол ҳафтаи гузашта мухлисоне, ки дар даст билет доштанд, ба бозии футбол миёни дастаҳои мунтахаби Кореяи шимолӣ ва Тоҷикистон дар варзишгоҳи «20 солагии истиқлолияти Тоҷикистон дар Хуҷанд роҳ дода нашуданд, чун варзишгоҳ пур аз одам буд.
Маъсум ҳамчунин афзуд, аксаран ҳамон мухлисоне, ки аз навоҳии дур барои тамошои бозӣ омада буданд ба майдон роҳ ёфта натавонистанд. Ӯ мегӯяд, ҳарчанд тасмим гирифта шуд ба нафароне, ки бо вуҷуди билет доштан вориди майдон шуда натавонистанд пул бар гардонида шавад, вале чун аксарияти мухлисон аз роҳи дур ҳастанд бинобар ин пулҳои худро баргардонида натавонистанд.
Беназмиҳо, латукӯб ва харобкориҳо аз ҷониби мухлисони футбол вақтҳои охир тез- тез рух медиҳанд. Махсусан мухлисони дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб дар чанд бозӣ дар майдон бетартибиҳо карда чанд нафар футболбозони дастаи ҳариф ва доваронро мавриди латукуб қарор дода буданд.
Беназмиҳо дар варзишгоҳи Кӯлоб(навор аз бойгонӣ)
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад