6-уми март -- Рӯзи байнулмилалии телевизиони кӯдакон ва наврасон.
Ягона телевизиони кӯдакони Тоҷикистон бо номи «Баҳористон» чаҳор сол пеш таъсис шуда, то кунун барои бинандагони хурдсоли худ намоиш пахш мекунад. Аммо на танҳо кӯдакон ин намоишҳоро мебинанд ва баҳои бинандагон ба кори он низ яксон нест.
Равшани Ёрмуҳаммад, нависандаи шинохтаи кӯдакон мегӯяд, шабакаи «Баҳористон» интизориҳои ӯро бароварда накард: «Ман ҳам ин шабакаро тамошо мекунам, зеро кӯдаконро дӯст медорам. Умеди ман аз ин шабака дигар буд, аммо намедонам, аз чӣ сабаб бошад, хоҳ аз камбуди маблағ, хоҳ аз раҳбарият, хоҳ аз ҳайати эҷодист, ки кинои бисёри хориҷӣ нишон медиҳанду вазифаи асосии худро, ки тарбияи кӯдак, ҳушманд сохтани кӯдак ва додани ахлоқ ба ӯст, канор гузоштаанд. Мо умедамон бештар буд. Баъзан чизҳое намоиш медиҳад, ки барои кӯдак лозим ҳам нест.»
Ба ақидаи бархе аз коршиносон бинандагони хурдсоли тоҷик ҳоло се гурӯҳанд ва ин дар оянда се тарзи тафаккурро дар ҷомеа ҳоким мекунад. Гурӯҳи аъзами кӯдакон мухлиси филмҳои туркӣ ва бинандагони дискҳо ҳастанд. Як гурӯҳи дигар хос телевизонҳои зиёди дастраси русиро мебинанд. Гурӯҳе ҳам бештар бо истифода аз дастрасӣ мухлиси телевизонҳои Узбакистонанд, ки дар воқеъ беҳтар аз телевизонҳои Тоҷикистон барои кӯдакон барнома таҳия мекунанд.
Дар ин миён як гурӯҳи дигар ҳам бинандаи шабакаҳои Афғонистон ва Эрон мебошанд. Дар воқеъ барномаҳои кӯдаконаи ин шабакаҳо низ хеле дар сатҳи болотар аз шабакаҳои Тоҷикистон таҳия мешаванд. Ва кӯдакони тоҷик бо ҳамин тарзи ҷаҳонбинӣ ба камол мерасанд.
Аҳмадшоҳ Комилзода, мудири собиқи телевизони Тоҷикистон ва коршиноси расонаӣ мегӯяд, ки телевизони «Баҳористон» дар сохтани сиёсати роҳбурдии худ барои таҳияи барнома барои кӯдак номуваффақ будааст. Зеро дар Тоҷикистон матбуоти кӯдакона вуҷуд дошт, аммо ҳаргиз телевизони кӯдакон ва мутахасиссони ин соҳа набуданд ва кори дурусте дар ин замина анҷом нашудааст. Дар ҳоле ки дар кишвраҳои пешрафта Академия ва пажӯҳишгоҳҳои расонаҳои кӯдакӣ мавҷуд аст: «Масъулони ин шабака мехоҳанд, ки телевизони се наслро ба намоиш бигузоранд. Яъне телевизони кӯдак, телевисони наврасон ва ҷавонон ва телевизиони калонсолон, ки як омехтагӣ ва сардаргумӣ ба вуҷуд омадаст. Яъне натиҷа ин шудааст, ки на шутур ва на мурғ.»
Аммо бархе ҳам мегӯянд, бо вуҷуди ҳамаи ин, телевизони «Баҳористон» беҳтарин шабакаи телевизонӣ дар миёни чаҳор шабакаи саросарии телевизонии кишвар мебошад. Муҳибуллоҳи Қурбон, адиби дигаре, ки барои кӯдакон менависад, мегӯяд, кадрҳои хуб ва дорои малака ва ирода барои таҳияи барномаҳои хубӣ телевизонӣ барои кӯдакон дар ин шабака вуҷуд дорад ва бояд саромягузории онҳо хубтар шавад: «Ин шабака аз шабакаҳои дигар хеле беҳтар аст. Баъзе барномаҳое таҳия мекунад, олимонро даъват мекунад, шоирону мутахассисонро даъват мекунад. Бахши варзишашон ҳам нағз кор мекунад. Кормандони боғайрат доранд, ки кор мкеунанд, аммо вақти эфирашон бештар асту имконашон камтар. Барои ҳамин филмҳоро бештар нашр мекунанд.»
Донишманди тоҷик Зафари Мирзоён мегӯяд, ки барои беҳбуд бахшидан ба сифати телевизиони кӯдак, ниёзе ба истилоҳ ба «ихтирои дубораи дучарха» вуҷуд надорад. Агар шабакаи телевизони Тоҷикистон ба кадом далеле имкони таҳияи барномаҳои хубро надорад, метавонад аз телевизонҳои кӯдаконаи дигар, хос аз телевизонҳои эронӣ барномаҳоеро, ки ангезаи мазҳабӣ надоранд, бознашр кунад. Аммо Аҳмадшоҳи Комилзода роҳи рафъи мушкилро дар барҳам додани чаҳор шабака ва дар заминаи миллӣ ва техникии онҳо сохтани як шабакаи саросарии қавӣ мебинад, ки қаноте барои кӯдакон ҳам дошта бошад.