Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши наваш Тоҷикистонро миёни 183 кишвар дар мақоми 147-ум ҷой додааст.
Тоҷикистон аз нигоҳи шурӯъи тиҷорат ё дарёфти муҷаввизи сохтмон дар як соли гузашта пешрафт кардааст, вале дар мавриди ҳимояти сармоя, дарёфти қарзи бонкӣ баръакс қафо рафта, аз лиҳози дастрасии соҳибкорон ба нирӯи барқ дар мақоми 178 аст. Бо ин ҳол, тоҷирони тоҷик мегӯянд, ҳарчанд равзанаи озод коғазбозӣ барои шурӯи тиҷоратро осонтар кард, вале фишори мақомоти мухталифи назоратӣ ҳамчунон гиребони онҳоро сар намедиҳад.
Бо шарофати “Равзанаи ягона”
Панҷ зина пеш рафтани Тоҷикистон дар гузориши “Пешбурди тиҷорат-2012” асосан аз ҳисоби ҷаҳиши фавқулоддааш дар бахши шурӯъи тиҷорат ҳосил шудааст. Душанбе дар як сол дар ин бахш якбора 67 зина боло рафта, дар байни 183 кишвари ҷаҳон ба мақоми 70-ум расидааст. Иқтисоддонҳои тоҷик мегӯянд, ин ҷаҳиш бо шарофати “Равзанаи ягона” барои сабти номи ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродист, ки 4 сол ба ин сӯ амал мекунад ва бахши аъзами қоғазбозии марбут ба кушоиши тиҷорат ё корхонаи ҷадидро зери як бом мунсаҷим кард ва баҳонаи ришвахоҳиву фасодро аз дасти мақомот низ хеле зад.
Маҳбуб Раҷаббоев, мушовири дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе ва аз муаллифони гузориши “Пешбурди тиҷорат-2012” ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мо “Равзанаи ягона” дорем дар назди Кумитаи андоз. Мо асосан ба шарофати ҳамин равзана болотар рафтем дар раддабандии имсола.”
“Равзанаи ягона” инак соли чорум аст, ки Тоҷикистонро дар гузоришҳои “Пешбурди тиҷорат”-и Бонки ҷаҳонӣ батадриҷ боло мебарад. Соҳибкори тоҷик Солеҳ Раҳимов, ки ба тозагӣ дар Душанбе корхонаи қанд кушодааст, мегӯяд, ҳоло ба ҷои чанд моҳ соҳибкор метавонад бо масрафи пулу вақти камтар корхонаашро дар “Равзанаи ягона” дар зарфи 5 то 6 рӯз сабт кунад, вале ин равзана тамоми мушкилоти соҳибкоронро аз байн набурд:
”Хубтар шудааст, албатта, вале фақат кушодани корхона. Мушкилоти асосӣ баъдан оғоз мешавад. Барои шахси ҳуқуқӣ шудан кодҳои Кумитаи омор лозим аст. Барои ин бояд аз идораи андоз санад бигиред, ба Кумитаи омор баред, аз онҷо код бигиреду биравед ба бонк ва суратҳисоб кушоед. Баъд ин ҳама санадҳоро ҷамъ карда, баргардед ба идораи андоз. “Равзана фақат кушодани корхонаро осон кард. Муттаассифона, қоғазбозиҳои дигарро анҷом намедиҳад.”
Аз гиребони тоҷир кӣ гирифтааст?
Маҳбуб Раҷаббоев, мушовири дафтари Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе низ эътироф мекунад, ки бо вуҷуди 5 зина боло рафтанаш, мушкилот дар пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон ҳанӯз хеле зиёд аст: “Ростӣ, мо имсол пешравии зиёд надорем, чунки баъзе аз ислоҳоте ки анҷом шуд, ҳанӯз ҷомаи амал напӯшидааст. Вақт даркор ки ин ислоҳот дар амал татбиқ шаванд. Ҳамин аст хулосаи асосии гузориши мо.”
Ба ақидаи иқтисоддонҳо, як мушкили умдаи Тоҷикистон фасод аст, ки Душанберо дар арзёбиҳои байналмилалӣ ҳамеша бадном мекунад ва як садди чинӣ дар роҳи рушди тамоми соҳоти зиндагии Тоҷикистон шудааст. Аз ҷумла дар пешбурди тиҷорат.
Соҳибкор Солеҳ Раҳимов мегӯяд, тафтишоти пайдарпай ва аксаран ғайриқонунии ниҳодҳои мухталифи назоратӣ, ки болои сари тоҷиронро гирифтаанд, як манбаъи фасод ва қотили асосии рушди тиҷорат дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Аммо, меафзояд ин соҳибкор, ба монанди “Равзанаи ягона” як чунин равзанаи дигари низ ягона насохтанд, ки соҳибкори бадодомада муроҷиат кунад:
“Мо, ки маҳсулоти хӯрока истеҳсол мекунем, моро идораи беҳдошт тафтиш мекунад ва ҳам Тоҷикстандарт, обу корез, сӯхтор, андоз ва ҳоказо. Ҳоло болои сари моро Хадамоти нақлиёт гирифтааст, ки барои ҳар як мошини боркаши худ ҳатман муҷаввиз гиред. Мо гуфтем, ки ин ғайриқонунист, вале онҳо мегӯянд, фарқ надорад. Инҳо ҳамааш халал мерасонанд, вале ҷое нест, ки соҳибкор аз ин тафтишҳо шикояташро бурда тавонад.”
Барқе, ки дарзмолро базӯр гарм мекунад
Тоҷикистон дар гузориши “Пешбурди тиҷорат-2012” дар бахши пардохти молиёт дар зинаи 168-ум, аз лиҳози дарёфти муҷаввизи сохтмону қарзи бонк ва тиҷорати марзӣ дар мақоми 177-ум омада, аз нигоҳи дастрасии муассисаҳои тиҷорӣ ба нирӯи барқ дар байни 183 кишвар дар мақоми хеле поёни 178-ум қарор гирифтааст.
Маҳз ба иллати камбуди барқ ҳатто корхонаҳои хурди саноатиро ҳам асосан дар шаҳрҳо боз мекунанд. Аммо дар русто дар фасли сармо ҳаёти иқтисодии хориҷ аз марзи деҳқонӣ барои қариб 6 то 7 моҳ фалаҷ мешавад ва дар ин давра нирӯи барқ дар рустоҳо ҳатто як дарзмолро базӯр гарм мекунад, чӣ расад ба дастгоҳҳои як корхона.